НАТО

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
НАТО

НА́ТО, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (англ. North Atlantic Treaty Organization, NATO; фаронсавӣ: Organisation du traité de l'Atlantique Nord, OTAN) — иттиҳоди ҳарбию сиёсӣ.

Таърих[вироиш]

4 апрели 1949 дар Вашингтон бар асоси муоҳидаи 12 давлат — ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Белгия, Дания, Исландия, Итолиё, Люксембург, Канада, Нидерландия, Норвегия, Португалия таъсис ёфт. Соли 1952 ба он Юнон ва Туркия, 1955 Ҷумҳурии Федеративии Олмон, 1981 Испания дохил гардиданд. Дар дебочаи Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ омадааст, ки он дар асоси мақсад ва принсипҳои Ойинномаи СММ баҳри таъмини амният ва сулҳ таъсис шуда, озодӣ, мерос ва тамаддуни халқҳоро бар пояи принсипҳои демократия, озодии шахсият ва ҳифзи ҳуқуқи инсон таъмин менамояд. Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ аз 14 модда иборат аст, ки моддаи 5-ум меҳвари асосиашро ташкил медиҳад. Дар он ҳуҷуми мусаллаҳона ба ҳар кадом мамлакати узви аҳднома чун ҳуҷум ба тамоми давлатҳои аъзо дониста шуда, ба таври инфиродӣ ё дастаҷамъӣ ба мамлакати дучори ҳамлаи берунӣ ёрии амалӣ, аз ҷумла ба тавассути қувваҳои низомии муштарак расонда мешавад. Пайдоиши аҳднома ба замони авҷи «ҷанги сард» ва зиддияти ду урдугоҳ (лагер)-и олами кабир — капиталистию сотсиалистӣ рост омад. Дар он мавқеи пешбарро ИМА ишғол менамояд. Аммо бархурди манфиатҳои иқтисодию сиёсӣ ва махсусан минтақавӣ миёни аъзои Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ борҳо зиддият ба вуҷуд овардааст. Масалан, соли 1966 Фаронса, 1974-80 Юнон, 1982 Испания аз ширкат дар тадбирҳои ҳарбии он худдорӣ кардаанд. Дания, Нидерландия, Норвегия, Канада, Фаронса ва Юнон дар барномаи Ташаббуси мудофиавии стратегӣ (СОИ) иштирок надоштанд ва ғайра.

Дар давоми фаъолияташ аҳднома ва доктринаҳои бисёреро таҳия ва дар доираи ҳадафҳои онҳо амал намудааст. Масалан, солҳои 50 асри 20 стратегияи «қасоси оммавӣ», солҳои 60 стратегияи «таъсиррасонии мавзун» амалӣ гардиданд. Аммо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва низоми сотсиализм дар оғози солҳои 90 асри 20 доманаи фаъолияти аҳднома густардатар шуд. Ба ҳайати он соли 1999 Маҷористон, Полша, Чехия, соли 2004 Булғория, Латвия, Литва, Руминия, Словакия, Словения, Эстония, соли 2009 Албания, Хорватия дохил гардиданд. Аҳднома дар доираи барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ» робитаро бо дигар мамолики ғайриаъзои он ба роҳ андохтааст. Солҳои охир роҳбарии нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳро дар Афғонистон ба зимма дорад. Мақоми олии сиёсии аҳднома шӯро мебошад, ки соле ду маротиба даъват мешавад. Дар марҳалаҳои байни ҷаласаҳо роҳбарии ташкилот ба зиммаи Шӯрои доимӣ вогузор мегардад. Шӯро Котиби генералиро барои 4 сол интихоб мекунад. Қароргоҳаш дар шаҳри Брюссел ҷойгир аст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Вятр Е. Социология политических отношений. М., 1979;
  • Ев­ро­па и глобальные проблемы современности. М., 1992.

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.