Jump to content

Ҳотами Асам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳотами Асам
ар. أبو عبد الرحمن حاتِم بن عنوان الأَصَمْ
Мақбараи Хоҷаи Ҳотам дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод.
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абдураҳмон Ҳотим ибни Унвон ибни Юсуфи Балхӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 852
Маҳалли даргузашт: Вашгирд
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом
Устодон: Шақиқи Балхӣ
Вироиши Викидода

Ҳотами Асам (Абдураҳмон Ҳотим ибни Унвон ибни Юсуфи Балхӣ, (ар. أبو عبد الرحمن حاتِم بن عنوان الأَصَمْ‎) мулаққаб ба Асам; 763, Балх — 852, Вашгирд) — ориф, донишманд ва фақеҳи машҳури ислом, муриди хосси Шақиқи Балхӣ ва устоди Аҳмад ибни Хизруя[1]. Ҳотам миёни аҳли тасаввуф «Луқмони уммат» лақаб гирифта буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдураҳмон Ҳотам соли 763 дар Балх ба дунё омадааст. Соли 810 ба Вашгирд (ҳозира Файзобод) омада ин маҳалро манзили иқомат ихтиёр мекунад. Аз Хоҷаи Ҳотам то ба замони мо осоре намонда, вале порчаҳои парокандаи дар маъхазҳо иқтибосшудаи адибон далолат ба зоҳиди бузург ва соҳиби таълифоти мукаммал будани ӯ мекунад. Фаридаддини Аттор дар «Тазкирату-л-авлиё» ном асараш фармуда: «Он зоҳиди замона, он обиди ягона, он маъраз аз дунё, он муқбили уқбо, он Карам Ҳотами Асам аз бузургони машоих буд».

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳоту-л-унс» ном асараш овардааст: «Ҳотам ибни Унвон Асам қуддисаллоҳу сирраҳу аз табақаи авлиёст. Аз қудамои машоихи Хуросон аст, аз аҳли Балх. Бо Шақиқ суҳбат дошта ва устоди Аҳмади Хазрия аст. Мота би Вашгирд мин навоҳии Балх».

Ҳамчунин мавлавӣ Ғуломсарвари Лоҳурӣ дар «Хазиноту-л-асфия» ном асараш нигоштааст: «Ҳотами Асам аз бузургони машоихи Хуросон дар зуҳд, риёзат, адаб, даръ, сидқ ва ихтиёт беназир буд».

Ҳотами Асам соли 852 аз олам даргузашт.

Аз маҷмӯи суханоне, ки ба номи ӯ дар манобеъ ва маъхазҳо оварда шудааст, метавон ин мавзуъот ва матолибро аз ҷумлаи таълимот ва дидгоҳҳои ирфонии вай донист: сидқ, муҷоҳида ва риёзат, хавф, шукр, муроқиба, хурсандӣ ва қаноат, иғтиноми вақт, зуҳд ва дурӣ аз уҷб ва риё.

Матолиби гуногун аз ӯ дар бораи хавф ва риҷо нақл шуда, ки нишон медиҳад Ҳотами Асам ба ин ду ҳоли ирфонӣ таваҷҷуҳи хос доштааст.

Ҳотами Асам дар адабиёти форс-тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар адабиёт форс-тоҷик Ҳотами Асам ба доштани таваккул овоза ёфта, ҳикоёт ва достонҳое аз вай дар осори адабӣ ва ирфонии форсӣ нақл шудааст. Аз ҷумла Саноии Ғазнавӣ дар «Ҳадиқату-л-ҳақиқа» дар баҳси таваккул достонеро аз вай ва ҳамсараш баён мекунад, ки мизони таваҷҷуҳ Ҳотам ва ҳатто ҳамсари ӯро ба таваккул нишон медиҳад:

Ҳотим онгаҳ, ки кард азми Ҳарам,
Онки хонӣ варо ҳаме ба Асам,

Кард азми Ҳиҷозу Байти Ҳаром,
Сӯи қабри Набӣ алайҳу-с-салом.

Монда бар ҷой як гиреҳ зи аёл,
Беқалилу касиру беамвол,

Зан ба танҳо ба хона дарбигзашт,
Нафақот ҳеч неву раҳ бар дашт...

[2]

Мақбараи Хоҷаи Ҳотам дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод воқеъ буда, дар асри XVI аз хишти пухта бунёд гардидааст. Ба шарафи 1100-солагии давлати Сомониён аз нав тармим гардид ва имрӯз ба зиёратгоҳи мӯътақидон табдил ёфтааст.

  1. В. В. Бартольд. Ч. 1. Общие работы по истории Средней Азии. Работы по истории Кавказа и Восточной Европы. // Сочинения. — 2013. — Т. Т. 2. — С. 230. — ISBN 5458530918, 9785458530910.
  2. Доктор Маҳдии Даҳбошӣ, Доктор Сайид Алиасғари Мирбоқирфард. Таърихи тасаввуф.(форсӣ) Ҷ.1, 2015, — С. 78-80, — 236 с. — ISBN 9786000202491