Ҳусейн Насруллоев
Ҳусейн Насруллоев | |
Таърихи таваллуд | 28 январ 1945 (79 сол) |
Зодгоҳ | Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҳусейн Насруллоев (тав. 28.01.1945, шаҳри Панҷакент), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1992), профессор (2010).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1962 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Панҷакентро хатм кардааст. Солҳои 1962–1963 муаллими мактабҳои ибтидоии деҳаҳои Рогин ва Зиндовуди ноҳияи Панҷакент буд. Солҳои 1963–1967 дар факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1967–1970 ассистент, 1970–1973 аспиранти донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Аз соли 1973 ҳамчун муаллими калони кафедраи географияи иқтисодии донишкадаи омӯзгории пойтахт, ҳамзамон дар кафедраи иқтисодиёти хоҷагии кишлоқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба ҳайси ҳамкор фаъолият кардааст. Солҳои 1986–1994 ходими калони илмии Шӯрои тадқиқоти қувваҳои истеҳсолии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Солҳои минбаъда ҳамчун дотсент дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ш. Хуҷанд) кор кардааст. Солҳои 2003–2006 мудири кафедраи фанҳои иқтисодӣ ва директори намояндагии Донишгоҳи муосири гуманитарии Россия ва Тоҷикистон дар ш. Панҷакент, 2006–2008 декани факултети менеҷменти филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент оид ба корҳои илмӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои демографии маскуншавии аҳолӣ, хусусиятҳои ташаккул ва истифодаи оқилонаи захираҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидааст. Иштирокчии Конгресси байналхалқии географӣ ва як қатор конференсияву симпозиумҳои умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 январ
- Зодагони соли 1945
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Панҷакент
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент