ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Индастриал»
Корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Индастриал» — дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба истифода супорида шудааст.
Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Хуаксин Ғаюр Индастриал» дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ) – ро ташкил медиҳад. Cохтмони корхонаи мазкур бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябри соли 2014 оғоз гардида буд. Зимни шиносоӣ бо корхонаи нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдоми ибратбахш — бунёди корхонаи истеҳсолию саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов баҳои баланд дода, ба ӯ барору комёбӣ орзу намуд. Аз ҷониби ин соҳибкори ҷавону ботаҷриба дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аллакай корхонаҳои истеҳсоли семент ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд-Семент» бо иқтидори беш аз як миллион тонна семент ва бо садҳо ҷойи нави корӣ бунёд карда шуда, сохтмони якчанд корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар ноҳияҳои дигар таҳти роҳбарии ӯ идома дорад. Сементи Корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва маҳсулоти корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешаванд. Аз 130 миллион сомонии маблағи бунёди корхона 35 фоизаш саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон(тоҷ.). www.khovar.tj (4 августи 2016). 21 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.