Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷамолиддин Абдуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамолиддин Абдуллозода
Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло
аз 5 май 2020
Пешгузашта Насим Олимзода
аз 5 май 2020

Таваллуд 9 декабр 1966(1966-12-09) (59 сол)
ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Ҷоизаҳо «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)

Ҷамолиддин Абдуллозода (Ҷамолиддин Абдуллоевич Абдуллоев, тав. 9 декабри соли 1966[1], ноҳияи Данғара[2]) — арбоби давлатӣ, сиёсатмадор ва табиби тоҷик. Узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ). Доктори илмҳои тиб[3] . Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз соли 2020[4] Бо медали «Шараф» мукофотонида шудааст (тоҷикӣ: медали Шафқат, 2009)[1]. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)[5] .

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамолиддин Абдуллозода 9 декабри соли 1966[5][1] дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон[2] таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст[2] . Таҷрибаомӯзӣ (интернатура)дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 5-и шаҳри Душанбе[5][1][2] гузаронидааст.

Солхои 1990—1991. дар беморхонаи шахрии рақами 7-уми маркази тиббии «1-уми Советский» табиби ҷаррох шуда кор мекард. Солҳои 1992—1998 дар шӯъбаи ҷарроҳӣ ба ҳайси табиби ординатор кор кардааст. Солҳои 1998—2008 мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ, 2008—2014. — сардухтури беморхонаи клиникии шаҳрии раками 3. шаҳри Душанбе. Моҳи марти соли 2014 сардухтури Беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе таъин гардид. Ӯ 17 марти соли 2017 бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” таъин карда шуд (Маҷмааи тандурусти «Истиқлол»)[5][1][2] .

Соли 2002 рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст. Соли 2011 дар мавзӯи «Комплексная диагностика и хирургическая коррекция рефлюкс-эзофагита и рефлюкс-гастрита при желчнокаменной болезни» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст[3][2] .

Солҳои 2002—2007 ассистент, баъдан дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии No2, 2008—2014. — мудири кафедра, профессор ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Муаллифи зиёда аз 351 мақолаи илмӣ ва 8 монография[5] . Соли 2017 нашриёти LAP Lambert Academic Publishing китоби «Сӯхтаҳои амиқи узвҳои поён»-ро бо ҳаммуаллифи Ҷамолиддин Абдуллозода нашр кардааст.

Вакили Маҷлиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аст[5][2] .

5 майи соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин гардид.[4][2] .

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.[6]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1 2 3 4 5 Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич(тоҷ.)(пайванди дастнорас таърих). Маҷмааи тандурустии «Истиқлол». 5 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2020.
  2. 1 2 3 4 5 6 7 8 Биография нового министра здравоохранения Таджикистана Джамолиддина Абдуллозоды. Sputnik (5 май 2020). 5 май 2020 санҷида шуд.
  3. 1 2 Абдуллоев, Джамолиддин Абдуллоевич. Комплексная диагностика и хирургическая коррекция рефлюкс-эзофагита и рефлюкс-гастрита при желчнокаменной болезни : автореферат дис. доктора медицинских наук : 14.01.17 / Место защиты: Тадж. гос. мед. ун-т им. Абуали ибн Сино. — Душанбе, 2011. — 41 с.
  4. 1 2 Глава Минздрава освобожден от должности. Число зараженных COVID-19 в Таджикистане - 293(пайванди дастнорас таърих). Радио «Свобода» (5 май 2020). 5 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2020.
  5. 1 2 3 4 5 6 Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло(тоҷ.). Кумитаи ичроияи хизби халкии демократии Точикистон дар шахри Душанбе (2020). 5 май 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  6. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло(тоҷ.). www.president.tj. 19 май 2024 санҷида шуд.