Ҷосим ибни Муҳаммад оли Сонӣ
ар. جاسم بن محمد آل ثاني | |
Таваллуд |
1 (13) январ 1825 |
Даргузашт |
17 июл 1913 (88 сол) |
Дудмон | Al Naimi[d] |
Падар | Муҳаммад ибни Сонӣ |
Фарзандон | Абдуллоҳ ибни Ҷосим оли Сонӣ, Abdulrahman bin Jassim Al Thani[d], Thani bin Jassim bin Mohammed Al Thani[d] ва Mohammed bin Jassim Al Thani[d] |
Шайх Ҷосим ибни Муҳаммад оли Сонӣ ар. جاسم بن محمد آل ثاني тав. 1825 — 17 июли 1913), инчунин бо номи Қосим ибни Сонӣ, Қосим бин Муҳаммад Ал Сонӣ ё «Асосгузор»,[1] асосгузори Қатари муосир муаррифи карда мешавад[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ дар шаҳраки Фувайрит дар шимоли Қатар ба воя расидааст. Ӯ аз тоифаи қабилаи Бани Тамим, писари калонии ҳокими Қатар Муҳаммад бин Танӣ буд. Баъди муовини падар шуданаш таҷрибаи сиёсӣ андӯхт. Баъдтар ӯ бо падараш ба Ал-Бидда кӯчид ва дар он ҷо кӯшиш карданд, ки ба муқобили истилогарони беруна мубориза баранд.
Дар сиёсати дохилӣ ӯ кӯшиш мекард, ки Қатарро ба як кишвари воҳид ва мустақил табдил диҳад. Вай дар байни манфиатҳои ду давлате, ки дар он вақт дар минтақа ҳукмрон буданд моҳирона сиёсаташро амалӣ мегардонид: Имперотурии Бритониё, ки ба густариши нуфузи худ кӯшиш мекард ва Имперотурии Усмонӣ, ки пас аз суқути нуфузи Португалия дар асри 16, талош дошт назорати худро бар минтақа нигоҳ дорад.
Соли 1867 ӯро ҳокими Баҳрайн Муҳаммад бин Халифа ҳангоме ки ба Баҳрайн рафт, бо баҳонаи ворид шудани бадавиҳои Қатар ба ин кишвар суҳбат кунад. Талаби ӯ барои баргардонидани бадавиҳо Баҳрайнро, ки аз Абу-Даби пуштибонӣ мекард, таҳрик дод, то ба шаҳрҳои бузурги Қатар ҳамла кунад ва хисороти зиёд ба бор орад. Дар ҷавоб, дар соли 1868 Қатар ба Баҳрайн ҳамла кард, ки дар натиҷа ҳазор нафар кушта ва шаст, киштӣ ғарқ карда шуданд. Баъдтар Ҷосимро бар ивази як баҳрайнии асирафтода озод карда шуд.
Моҳи январи соли 1872 Қатар расман ба Имперотурии Усмонӣ ҳамчун як қисми Санҷаки Наҷ шомил шуд ва Шайх Ҷосим ба ҳайси қоиммақом (волии он) таъйин карда шуд. Моҳи декабри соли 1878 аз бархӯрди туркҳо ва инглисҳо истифода бурда, ба таъсиси давлати Қатар, ки ба он сарварӣ мекард, муваффақ шуд.
Сарфи назар аз норозӣ будани қабилаҳои маҳаллӣ, ӯ ҳукмронии Усмониро дастгирӣ ва идома медод. Бо вуҷуди ин, муносибатҳои Қатар ва Имперотурии Усмонӣ пас аз он ки усмониҳо аз кумак ба ӯ дар як экспедитсия ба Абу-Даби Ал-Хори ишғолшуда саркашӣ карданд, хотима ёфт. Вазъият инчунин аз шикоятҳои сокинони маҳаллӣ ба империя бар зидди ҳокимашон аз соли 1885 то 1886 ва инчунин дастгирии усмонӣ аз ҷониби Муҳаммад бин Абдулваҳоб, ки дар соли 1888 хост, ҳокими Қатарро аз байн бурд. Вай ба зудӣ як шахсияти барҷастаи мухолифат ба кӯшишҳои усмонӣ барои афзоиши нуфузи худ дар Қатар шуд, тавассути таъйини кормандони маъмурӣ дар Зубар, Доҳа, Ал-Вакр ва Ҳавр-ул-Удайд, таъсиси гумрук ва таҳкими гарнизони усмонӣ. Дар ибтидои соли 1892 ӯ аз вазифаи қоиммақоми (волии) Қатар истеъфо дод ва дар моҳи август пардохти андозро ба Имперотурии Усмонӣ қатъ кард.
Илова ба муқовимат ба Имперотурии Усмонӣ, ба ӯ лозим буд, ки истиқлолро аз Бритониё муҳофизат кунад. Соли 1882 ғайр аз бастани дӯконҳо, вай савдогарони ҳинду марворидро аз Доҳа пеш кард. Дар ҳамон сол ӯ аз салоҳияти худ дар Доҳа даст кашид ва дере нагузашта аъзои қабилаи Бани Ҳоҷир ба тоҷирони марворид ҳамла карданд, ки тоҷирон аз кишвар фирор кунанд ва фоидаи онҳоро мусодира кунанд.
Моҳи октябри соли 1892 артиши туркҳо иборат аз 200 нафар бо сардории волии Басра Маҳмад Ҳофиз барои мутеъ гардондани Шайх Ҷосим ба Катар фиристода шуд. Ҷосим бин Муҳаммад аз интиқом тарсида, аввал ба Ал Даайен ва сипас ба қалъаи Ал-Ваҷба (дар ғарби Доҳа) гурехт. Маҳмад Ҳофиз Пошо ба шайх нома фиристода, талаб кард, ки аскарони худро пароканда кунад ва ба усмониён байъат кунад. Бо вуҷуди ин, ӯ дар рад кардани итоат ба қудратҳои усмонӣ устувор монд ва илова бар ин, бо сабаби саломатӣ аз мулоқот бо худи Маҳмад Ҳофиз худдорӣ кард. Ба ҷои ин, Ҷосим бин Муҳаммад бародараш Аҳмад бин Муҳаммад Оли Сониро ба ҳайси намояндаи ваколатдор таъйин кард. Моҳи март, пас аз як моҳи музокирот, Маҳмад Ҳофиз сабрро аз даст дод ва Аҳмад ва 13 то 16 сарони қабилаҳои барҷастаи Қатарро зиндонӣ кард.
Марти соли 1893 нерӯҳои шайх дар ҷанги Ал-Ваҷба неруи усмониро шикаст дода, туркҳоро маҷбур карданд, ки маҳбусони қатариро озод кунанд ва ба Арабистони Саудӣ ақибнишинӣ кунанд. Ҷанг як нуқтаи гардиш дар таърихи Қатар, як қадами калидӣ дар истиқлоли он аз Имперотурии Усмонӣ буд.
Инглисҳо саъй карданд ба баҳси миёни сарбозони турк ва қабилаҳои Қатар дахолат кунанд, аммо исбот карданд, ки пешниҳоди Шайхро дар мавриди таҳти ҳимояти Бритониё қарор додани Қатар қабул карда натавонистанд. Туркҳо бо ӯ сулҳ карданд, гарчанде ки худи Ҷосим бин Муҳаммад ба Лусайл рафт ва ҳукумати кишварро ба бародараш Шайх Аҳмад вогузор кард. Аммо, дар охири соли 1905 аз тарафи яке аз аскарони ҳамкасбаш аз қабилаи Бани Хоҷир кушта шуд ва Ҷосим боз Қатарро тахти назорати худ гирифт.
Ҷосим бин Муҳаммад дар соли 1913 даргузашт ва дар деҳаи Лусаил, воқеъ дар 24-километрии шимоли Доҳа, ҳоло дар музофоти Умм Салал ба хок супурда шуд.[1][2]
Кӯдакон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷосим бин Муҳаммад Оли Танӣ 19 фарзанд дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Qatar National Day: Our History. ndqatar.com. 25 октября 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 Январ 2012.
- ↑ 2.0 2.1 Shaikh Jassim Bin Mohammed Al Thani :: Amiri Diwan(пайванди дастнорас — таърих). Diwan.gov.qa. 17 ноябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 ноябри 2012.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 13 январ
- Зодагони соли 1825
- Даргузаштагони 17 июл
- Даргузаштагони соли 1913
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- Амирони Қатар
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сарварони асри XX
- Сиёсатмадорони асри XX