Jump to content

Халифа бин Ҳамад Оли Танӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Халифа бин Ҳамад Оли Танӣ
22 феврал 1972 — 27 июн 1995

Таваллуд 17 сентябр 1932(1932-09-17)[1]
Даргузашт 23 октябр 2016(2016-10-23)[2][3][1][…] (84 сол)
Мадфан
Дудмон House of Thani[d]
Падар Hamad bin Abdullah Al Thani[d]
Фарзандон Ҳамад бин Халифа Оли Танӣ, Abdelaziz bin Khalifa Al Thani[d] ва Абдуллоҳ бин Халифа Оли Танӣ
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
Order of the Bath Order of Saint Michael and Saint George Nishan-e-Pakistan Order of Isabella the Catholic‎ Салиби бузурги ордени Легиони Фахрӣ Knight Grand Cross of the Order of St Michael and St George Knight Grand Cross of the Order of the Bath Ордени Гули Довудӣ Star of the Republic of Indonesia Knight Grand Cross of the Order of Merit of the Italian Republic Order of the Nile Order of the Republic Order of Pahlavi National Order of the Lion of Senegal Collar of Honour Grand Cross of the Order of Good Hope Order of the Liberator Order of al-Hussein bin Ali Order of Mubarak the Great Order of Oman ордени Истиқлолият Order of Independence Order of Merit Order of Good Hope National Order of Merit Grand Order of Mugunghwa

Халифа бин Ҳамад Оли Танӣ ар. خليفة بن حمد آل ثاني17 сентябри 1932 - 23 октябри 2016, Ар Райён) — амири 2-юми Қатар аз сулолаи Оли Танӣ ( 22 феврали 1972 - 27 июни 1995 ), писари чоруми Ҳамад ибни Абдуллоҳ ( 1896 - 1948 ), вориси тахт ( 1935 - 1948 ) ва набераи шайхи 5-уми Қатар Абдулло бин Ҷосим Оли Сонӣ ( 1913 - 1949 ).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 1957 Шайх Алӣ бин Абдуллоҳ Оли Сонӣ (1949-1960) ҷиянаш Халифа бин Ҳамадро вазири маориф таъин кард, баъдтар вазири молия шуд. Соли 1960 амир Алӣ бин Абдуллоҳ ба манфиати писараш Аҳмад (1960-1972) аз қудрат даст кашид. 24 октябри соли 1960 Халифа бин Ҳамад вориси тахт эълон карда шуд. Амир Аҳмад бин Алӣ вақти зиёдро дар хориҷа сарф карда, дар казиноҳои Аврупову Лубнон пулро исроф мекард [4]. Аз ин рӯ, амаки ӯ Халифа бин Ҳамад [4] ҳокими аслии давлат шуд. Маҳз ӯ дар ислоҳоти Қатар ширкат дошт. Дар солхои 1961—1968 қариб сад қонуни нав кабул карда шуд.

Соли 1964 Бонки миллии Қатар таъсис ёфт. Апрели соли 1970 конститутсияи мӯътадил эътибор пайдо кард. Ҳокимияти амир бемаҳдуд боқӣ монд, вале дар назди ӯ Шӯрои машваратӣ бо вазифаҳои машваратӣ таъсис дода шуд. Дар моҳи майи ҳамон соли 1970 Халифа ибни Ҳамад нахустин сарвазири Қатар таъин шуд, дар ҳоле ки дар солҳои 1971-1972 дар таърихи ин кишвар нахустин вазири корҳои хориҷӣ буд.

1 сентябри соли 1971 истиқлолияти Аморати Қатар аз Бритониёи Кабир [4] эълон карда шуд. 22 феврали соли 1972 бо дастгирии артиш ва нерӯҳои амниятӣ ӯ амир Аҳмад ибни Алиро, ки дар хориҷа буд, аз тахт хориҷ гамуд ва худро амири нав эълон кард [4] .

Ба сифати амир барои навсозӣ ва то андозае демократикунонии низоми идораи давлатӣ як қатор тадбирҳо андешид [4] . Ӯ як қисми даромади нафтро, ки қаблан шахсан ба ӯ ҷудо карда мешуд, ба хазинаи давлат интиқол дод. Музди кори коргарон ва хизматчиён зиёд карда шуд [4] .

Дар миёнаҳои солҳои 70-ум амир бо бастани шартномаҳо бо ширкатҳои нафтии хориҷӣ, назорати истихроҷи нафтро барои давлат ба даст овард [4] . Соли 1972 ширкати миллии нафт таъсис дода шуд, ки то соли 1977 аз болои ширкатҳои нафтии хориҷӣ, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, назорати комилро ҷорӣ намуд [4] .

Дар солҳои 1970-ум, пойтахти аморат - Доҳа - аз навсозии қариб пурра гузашта, ба як шаҳри муосир табдил ёфт [4] . Қад-қади кучаҳои васеи асфалтпуш қатор-қатор биноҳои аз бетону шиша сохташуда тул кашидаанд. Пойтахт пурра электриконида шуда, бо адоқаи васеи телефон таъмин карда шуд [4] .

Моҳи июли соли 1989 девони вазирон иборат аз 15 вазирон бори аввал аз нав ташкил карда шуд, ки аксарияти вазирони пештараро иваз карданд. Моҳи сентябри соли 1992 амир девони вазиронро бори дуюм аз нав ташкил карда, онро то 17 вазир зиёд кард.

Моҳи июни соли 1995 бо дастгирии аъзои дигари хонавода, дар ҳоле ки амир Халифа ибни Ҳамад дар сафари хориҷӣ дар Швейтсария буд, писараш , валиаҳди тахт Ҳамад бин Халифа сарвари олии давлати Қатар шуд.

Аз соли 1995 то 2004 Халифа бин Ҳамад дар муҳоҷират дар Фаронса зиндагӣ кардааст. Ба ӯ муяссар шуд, ки ҳисобҳои чандмиллиардаи Қатарро дар бонкҳои ғарбӣ назорат кунад. Дере нагузашта вай «Чунбиши барқарор намудани волоияти конун»-и мухолифро таъсис дод. Дар соли 1996 ҷонибдорони падари амир бо роҳбарии собиқ вазири молия ва иқтисод кӯшиши табаддулоти давлатиро карданд. Пас аз саркӯби ошуб, беш аз 120 иштирокчии табаддулот боздошт шуда, 19 нафар аз раҳбарони он ба эъдом ва ҳабси абад маҳкум шуданд. Аз лаҳзаи табаддулот, Падари амир дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб паноҳгоҳи доимӣ гирифт, ки дар он ҷо барои ӯ қаср сохта шуда буд, ӯ инчунин дар Аврупо ба таври васеъ сафар кард, муддати тӯлонӣ дар Фаронса зиндагӣ кард. Соли 2004 писари амир ба падараш иҷозат дод, ки ба Ватан баргардад.

Халифа бин Ҳамад 23 октябри соли 2016 дар синни 85-солагӣ даргузашт. [5]

  1. 1.0 1.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  2. http://www.aljazeera.com/news/2016/10/qatar-sheikh-khalifa-bin-hamad-al-thani-passes-161023191234162.html
  3. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.00 4.01 4.02 4.03 4.04 4.05 4.06 4.07 4.08 4.09 Рыжов К. В. Все монархи мира. Мусульманский Восток в XV—XX вв. — М.: Вече, 2004. — С. 68. — ISBN 5-9533-0384-X
  5. Умер бывший эмир Катара Халифа бин Хамад аль-Тани, eadaily.com (23 октябри 2016). Проверено 23 октябри 2016.