Ҷеймс Монро
Ҷе́ймс Монро́ (англ. James Monroe, 28 апрели соли 1758, Вашингтон-Пэриш, иёлоти Вирҷиния, — 4 июли соли 1831, Ню-Йорк) — арбоби сиёсӣ ва давлатии амрикоӣ, панҷум президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1817—1825), яке аз таъсисдиҳандагони хариди Луизиана ва мукаммалкунандаи сиёсати хориҷӣ, ки доктрина Монро ном дорад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷеймс Монро 28 апрели соли 1758 дар Вашингтон-Пэриш, (округи Уэстморленд, иёлоти Вирҷиния), дар оилаи заминдори на он қадар бой чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Волидони ӯ соли 1752 издивоҷ кардаанд. Аз панҷ фарзанди таваллудшуда чортояш ба балоғат расиданд. Бобокалони падарии Ҷеймс дар миёнаи асри XVII аз Шотландия ба Амрико муҳоҷират кардааст.
Таҳсилот ва хидмати аскарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мактаби хусусии пастор Арчибалд Кэмпбелл таҳсил кардааст, аз 16 солагӣ дар Коллеҷи Вилҳелм ва Мария дар Уилямсбург, пойтахти онвақтаи Вирҷиния. Соли 1775, замоне, ки ҷанги инқилобӣ оғоз шуд, Монро ба қӯшунҳои вирҷинии ҳарбии континенталӣ шомил гашт ва дар 18 солагӣ ба афсарӣ мушарраф гардид. Дар муҳорибаи назди Лексингтон ва Конкорд иштирок намудааст. Баҳори соли ояндааш аз коллеҷ рафт ва ба қӯшунҳои континенталӣ пайваст. Дар соли 1778 рутбаи подполковникро соҳиб шуд. Аз соли 1780 то 1783 Монро илми ҳуқуқшиносиро таҳти роҳбарии Томас Ҷефферсон омӯхтааст.
Издивоҷ ва фарзандон
[вироиш | вироиши манбаъ]16 феврали 1786 Ҷеймс Монро ба Ҷони Куни Адамс оиладор шуд. Маросим дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд. Онҳо соҳиби се фарзанд гаштанд:
Монро бо соҳиб гаштани хоҷагии бузурги зироатӣ орзуи кӯдакии худро амалӣ намуд, вале кӯшишҳои ӯ дар хоҷагии қишлоқ бенатиҷа анҷом ёфт. Зиндагии бокарруфари ӯ зуд-зуд сабаби фурӯши амвол барои пардохти қарз мегардид.
Фаъолияти сиёсии бармаҳал
[вироиш | вироиши манбаъ]Сиёсати Вирҷиния
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1782 Монро дар палатаи вакилони Вирҷиния интихоб шуд, аз соли 1783 то соли 1786 ҳамчун вакили конгресии конфедератсия фаъолият кардааст.
Соли 1794 Монро сафири ИМА дар Фаронса таъйин шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118784595 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Kindred Britain
- ↑ 3.0 3.1 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инаугурационные речи президента США Джеймса Монро в русском переводе
- Джеймс Монро /Все о США//http://usa-info.com.ua/presidents/5_monroe.html
- The Presidential Home of James Monroe (College of William and Mary)
- The Papers of James Monroe Бойгонӣ шудааст 10 феврали 2006 сол. at the Avalon Project (includes Inaugural Addresses and other materials)
- Monroe Doctrine and related resources at the Library of Congress
- A genealogical profile of the President Бойгонӣ шудааст 3 августи 2003 сол.
- White House Biography
- James Monroe’s Health and Medical History
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 апрел
- Зодагони соли 1758
- Даргузаштагони 4 июл
- Даргузаштагони соли 1831
- Даргузаштагони Ню-Йорк
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Президентҳои ИМА
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон