Ҷорҷ Уокер Буш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷорҷ Уокер Буш
англ. George W. Bush
George-W-Bush.jpeg
Таваллуд 6 июл 1946(1946-07-06)[1][2][3][…] (75 сол)
Ҷинс Bush family[d]
Ном ҳангоми таваллуд англ. George Walker Bush
Падар Георге Ҳ. У. Буш[4]
Модар Barbara Bush[d][4]
Ҳамсар Laura Bush[d]
Фарзандон Barbara Pierce Bush[d] ва Jenna Bush Hager[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод United Methodist Church[d][5][6]
Соядаст GeorgeWBush Signature.svg
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ georgewbush.com
Навъи артиш Нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва National Guard of the United States[d]
Рутба лейтенанти якум[d]
Набардҳо
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷорҷ Уокер Буш (инглисӣ: George W. Bush, 6 июл 1946, Ню Хэйвен, штат Коннектикут, ИМА) — 43-ум президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 20 январи 2001 то 20 январи 2009. Бори нахуст Ҷорҷ Буш ба мансаби Президенти ИМА ноябри 2000 ва бори дуюм ноябри 2004 интихоб гардидааст. Ҷорҷ Буш узви Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА, собиқ губернатори иёлоти Техас (1995-2000), писари 41-ум Президенти ИМА Ҷорҷ Ҳерберт Уокер Буш, бинобар ин ӯ дар байни сиёсатмадорон, бо исми Ҷорҷ Буши хурдӣ эътироф шудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Ҷорҷ Уокер Буши хурдӣ 6 июли соли 1946 дар Ню-Ҳейвени иёлати Коннектикут, писари лётчики ба истеъфобаромада Ҷорҷ Ҳерберт Уокер Буш ва Барбара Буш таваллуд шудааст. Ҷорҷ писари якуми онҳо буд, Полин соли 1949 таваллуд шудааст (вай дар соли 1953 бар асари лейкемия даргузаштааст), дар соли 1953 - Ҷеб, дар соли 1955 - Нил, дар соли 1956 - Марвин ва Дороти дар соли 1959. Бобои Ҷорҷ, Прескотт Шелдон Буш, аз соли 1952 то 1963 сенатор аз иёлати Коннектикут буд. Кӯдакии Буш дар щаҳрҳои Мидлэнд ва Хюстон дар иёлоти Техас гузаштааст.

Дар Академияи Филлипс ба таҳсил шурӯъ кард. Дар соли 1968 дараҷаи бакалавриро дар Донишгоҳи Йел гирифтааст. Дар 19681973 дар Горди миллӣ адои хизмат кард. Сарнишини ҳавопаймои ҳарбии F-102 дар хизмати Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии гвардияи Техас буд.

Солҳои 1973—1975 ӯ дар мактаби соҳибкории Ҳарвард тахсил кардааст ва соҳиби ихтисоси Устои идоракунии сҳибкори шуд (MBA). Баъд аз ин ӯ ба Мидлэнд баргашт ва дар соҳаи коркарди нафт то соли 1986 кор кард. Якчанд маротиба дар маъракаи интихоботи падараш фаъолона иштирок карда буд ва маслиҳаткунандаи ӯ буд. Соли 1977 номзадии худро дар интихобот ба Палатаи намояндагон Конгресси ИМА. Соли 1989 дар якҷоягӣ бо якчанд ҳамкоронаш давраи бейсболии Техас Рэйнджерсро харидорӣ намуд.

Буш-губернатор[вироиш]

Ҷорҷ Буш 8 ноябри соли 1994 губернатори 46-ми Техас бо 53,5% овоз интихоб шуд. Дар ин мақом ӯ обрӯи сиёсатмадори пурзур гардид, ки бо тарафи мухолифат хуб ҳамкори карда метавонист, ӯ доир ба он ки динҳои гуногун дар ҷамъият нақши муҳим бозад баромадҳо мекард ва ба дастгирии бисьёрии демократҳои штат ноил гардид. 3 ноябри соли 1998 Ҷорҷ Буш бо муваффақият бори дувум губернатори Техас интихоб шуд ва нахустин губернаторе, ба хисоб меравад, ки ба ин мансаб ду маротиба паи ҳам интихоб шуда буд.

Давраи фаъолияти президентии Ҷорҷ Буш[вироиш]

Соли 1999 ӯ дар интихоботи президенти ИМА иштирок мекунад. Дар яке аз интихоботи мухолиф дар таърихи давлат Интихоботи президенти ИМА (соли 2000) 7 ноябри соли 2000 дар асоси ҳисоби овозҳои интихобкунандагон ва азнавҳисобкардабаромадани овозҳо, намояндаи Ҳизби Демократии ИМА Алберт Гор президент интихоб шуд. Ӯ дар таърихи интихоботи президенти дуюмин президенте буд, ки ба ин мансаб баъд аз падари худ Ҷон Адамс интихоб гардид. Буш соҳиби рекорди дигаре низ мебошад, ӯ номзадест, ки соҳиби зиёди овозҳои интихобкунандагон шуд, вале аз ҷиҳати миқдори овозҳои интихбкунандагон ӯ миқдори хеле ками овози шаҳрвандон гардид (зиеда аз 0,5 млн. нафар). Дар қасамёдкунии худ Буш ваъда дода буд, ки ба суғуртаи иҷтимои дигаргуниҳо дохил мекунад ва андозҳоро низ кам мекунад. Аъзоёни кабинети Буш сиёсаткорони гуногун мебошанд, ҳам намояндагони либералҳо ва ҳам консерваторон. Моҳи феврали соли 2001 президент буҷаи федиралиро пешниҳод кард (1,96 млрд. доллар), ки он камшавии маблағи андозро дар назар дошт, зиёдшавии маблағро ба соҳаи маориф ва қувваи ҳарбӣ равона карда шуда буд. Маҳз дар ҳамин вақт пастшавии сатҳи иқтисодии давлат ба назар мерасад. Мохи июни соли 2001 Конгресси ИМА қарори хело ҳам ҷиддиро доир ба кам кардани андозҳо, қабул намуд (то 1,35 млрд. доллар)

Моҳи феврали соли 2001 Буш бомбаборон кардани Ироқро дастгири намуд, ки ҳамаи ин бар зидди манъ кардани парвози ҳавопаймоени Ироқ равона карда шуда буд. Мохи апрел маъмурият гуфтушуниди хело душворро бо Хитой гузаронид, ки он оиди озод кардани хавонавардони амрикоӣ, ки дар Ҷумҳурии Халқии Чин бо хавопаймои худ нишастанд.

Аз ҳама вақти душвор барои президент ва ҳам сокинони тамоми давлат ин 11 сентябри соли 2001 буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористон 3 ҳазор нафар одам ҳалок гардиданд. Дар ин ҳамлаи террористи аҳли маъмурият миллионери сауди бен Ладен, Усамро гунаҳкор карданд, ки ҳамон вақт дар Авғонистон пинҳон шуда буд. Маъмурияти Амрико аз толибон талаб карданд, ки ӯро ба давлати Амрико супоранд. Баъди ҷавоби рад Буш чунин ҷавоб гардонид:"Мо онҳоро аз хонаҳояшон кашида мебарорем ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашем ва ё адолатро ба назди онҳо мебарем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дипломатикӣ ва таёрии ҳарбӣ ба онҳо ноил гардид, ки коалитсияи зидди террористиро ташкил намуда, зимистони соли 2001дар натиҷаи бомбаборон кардани Афғонистон, пурра Афғонистонро зери идораи худ гирифт ва дар он ҷо ҳукумати ягонагии миллиро ташкил намуд ва қушунҳои асосии толибон нест карда шуд.

Барои мубориза бар зидди терроризм дар ШМА кумитаи идоракунии бехатарии давлат ташкил шуда буд. Моҳи декабри соли 2001 аз ҳайати Шартномаи ҳифзи зиддиракетаҳо, ки аз тарафи Маскав мазамат накарда шуда буд. Соли 2003 Буш ба Ироқ хамла карда, Садам Хусайнро аз сари давлат ронд. Баҳонаи сар задани ҷанг дар он буд, ки дар Ироқ силоҳи ядрои истеҳсол карда мешавад ва худи Саддам Ҳусайн бо Ал-Қойда ҳамкори мекунад. Бисьёрии давлатҳое, ки ҳамлаи Амрикоро ба Авғонистон дастгири карда буданд, зидди ҳамлаи ИМА бар Ироқ баромад карданд. ШМА дар ин ҳамлаи худ, бузургии ҳарбии давлати худро боз ҳам мустаҳкам намуд, аммо халқи Амрико ва оммаи ҷаҳон нисбати ин ҷанг норозигии худро баён намуданд. Рӯйдодҳои ин ҷанг аз он гувоҳи дод, ки маъмурияти Амрико дар Ироқ на онқадар пурзур буд, дар Ироқ ҳамлаҳои террористи дучанд шуданд, ҷинояткори хело ҳам зиёд шуд, ва ҳамаи ин обрӯи Бушро дар омад-омади интихоботи нави президенти дар ШМА паст кард. Ба ғайр аз ин аз баъзе маълумотҳои фаври ва ғайри фаври маълум гашт, ки Амрико дар вақти ҳуҷум кардан ба Ироқ, ҳеҷ гуна маълумотҳои аниқ доир ба истеҳсол кардани силоҳи ядроӣ ва ҳамкории Саддам Ҳусайн бо Ал-Қойда надошт ва бинобар ин ба Ироқ ҳамла намуд. Ҳамла ба Ироқ - ин сиёсати авантюрии Буш буд, ки барои баланд бардоштани рейтинги дохилӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани сиёсати иқтисодӣ паст шуда буд ва ба ихтиёри ширкатҳои нафткаши амрикоӣ гузоштани қубӯрҳои нафтии Ироқ имконият пайдо мекард. Дар филми ҳуҷатӣ-публисистӣ Майкл Мур «Фаренгейт 9/11» ҳамин сабабро (фишор ба президенти нафтӣ лобби, ки ӯро бо дӯстони деринааш ва муносибатҳои ҳамкорӣ мепайвандад) сабаби асосии оғоз гардидани ҷанг номидааст.

Рӯйдоде дар мусоҳибаи матбуотӣ[вироиш]

14 декабри 2008, яке аз рӯзноманигори ироқӣ бо номи Мунтазар ал Зайдӣ дар мусоҳибаи матбуотӣ дар Ироқ пойафзолашро ба сӯи Ҷорҷ Буш ҳаво дода буд.

Даври дуюми призидентӣ[вироиш]

United States Marine Drum and Bugle Corps - France 2001.jpg

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ва дар ҳолати паст будани рейтинг, Буш 2 ноябри соли 2004 дар интихобот ғолиб меояд Иитихоботи Президенти ИМА дар соли 2004 Джон Керри. Ин ғолибиятро баъзе шӯру мағалҳо ҳамроҳӣ карданд, ки ин дар ҳисоби овозҳои ҳавзаи интихоботӣ дар штати Огайо мансуб буд.

Зарбаи нав ба обрӯю этибори Буш ин (Обхезӣ дар Орлеанаи Нав) ки дар натиҷаи туфони Катрина дар охири август — аввали сентябри 2005 рух дод, вақте ки 80% ҳудуди шаҳр дар таги об монда буд. Шумораи фавтидагон ва зарари моддӣ то ҳоло ҳисоб карда нашудааст. Дар натиҷаи ин ки саривақт дар бораи кӯчонидани шаҳр то туфон ягон пешбиние дида нашуд мумкин аст шумораи зарардидагон то якчанд ҳазор нафар афзояд. Пеш аз вуқуи туфон ба сокинони Орлеанаи Нав тарк кардани шаҳрро гузошта буданд вале асарияти қисми аҳолӣ баро ин имконият надоштанд.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш]

Соли 1977 Буш бо Лоре Уэлч хонадори мекунад, ки ӯ ҳамчун муаллима ва коркуни китобхона кор мекард. Онҳо соҳиби ду духтари дугоник бо ном Барбара ва Ҷейн ки соли 1981) ба дунё омадаанд, онҳо доимо ба рӯзномаҳои саҳифаҳои зард бо ҳаргуна корҳои ношоямашон нишон мегузоранд.

Аз рӯи эътиқоди динӣ Буш — ба Методизм эътиқод мекунад.

Эзоҳ[вироиш]