Jump to content

Ҷӯра Бақозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯра Бақозода
Бақозода Ҷӯра Ҳамидович
Таърихи таваллуд 22 сентябр 1937(1937-09-22)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 28 апрел 2012(2012-04-28) (74 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998)

Ҷӯра Бақозода (Бақозода Ҷӯра Ҳамидович; 22 июли 1937, Самарқанд — 28 апрели 2012, Душанбе, Тоҷикистон) — мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филология (1969), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1974), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998). Писари Ҳамид Бақозода.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Университети давлатии Самарқандро (1962) хатм намуда, ба ИЗА АИ ҶТ ба кор омад (1962-64). Аспиранти Институти адаби­ёти ҷаҳони АИ ИҶШС (1964-67), ходими калони илмии ИЗА (1967-78), мудири шуъбаи тан­қид ва адабиётшиносии маҷ. «Садои Шарқ» (1978-85), мудири редаксияи адабиёт, забон ва фолклори ЭСТ (1985-89), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ (1989—2002). Аз соли 2002 дотсенти ҳамин кафедра.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин мақолаҳои илмию танқидиаш соли 1963 дар саҳифаҳои матбуот пайдо шу­данд. Муаллифи беш аз 200 мақолаи илмию танқидӣ, монография ва рисолаҳои ил­мӣ. Аксари мақолаҳои Б. мар­ҳалавию ҷамъбастианд. Дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабиёти муосири тоҷик аз қабили хусусияти қиссаҳо, фардияти адиб, хусусиёти миллӣ ва байналмилалии ада­биёти тоҷик, ҷустуҷӯҳои эҷодии адибони ҷавон, эҷоди устодон ва ҷараёни адабӣ, насри муосири тоҷик (с-ҳои 70-80 садаи 20) ва ғ. мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар бораи эҷодиёт ва осори алоҳидаи Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, Гулназар, А. Самад, К. Мирзо ва диг. мақола­ҳо нигошта, дастовард­ҳои эҷо­дии ононро холисона ва дақиқ­бинона таҳлилу бар­расӣ кардааст. Афкору андеша­ҳои Б. дар монография ва рисолаҳои «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насри муосири тоҷик» (1982), «Нависанда ва идеали замон» (1987), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳа­ми­ди Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007), «Гузашти айём ва таҳаввули ада­биёт» (2009) ва ғ., ки дар адабиётшиносию нақди тоҷик нуфузу эътибори арзанда доранд, ҷамъбаст гардидаанд. Б. дар мураттабсозии маҷм. «Муосири бузурги мо» (дар бораи М. Шолохов), осори А. Деҳотӣ дар 5 ҷилд, ҷ. 2-юми «Таърихи адаби­ёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (1978) ва ғ. ширкат варзидааст. Пйесаи «Боғи олболу» ва баъзе ҳикоя­ҳои А. П. Чехов, романи В. Яковенко «Шербачаҳои партизан» (1987), романи нависандаи туркман Н. Байрамов «Роҳи тақдир»-ро (1989) ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Черты нового Д., 1974; Михаил Шолохов (ҳамроҳи Р. Ҳоди­зо­да). Д., 1975.
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 54 ISBN 978-99947-2-379-9