Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷӯра Латифов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯра Латифов
Ҷӯра Латифов
Таърихи таваллуд 7 марти 1938(1938-03-07) (88 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Кумитаи Марказии ИЛКҶ Тоҷикистон, КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ
Ҷоизаҳо Ордени «Дӯстии халқҳо», медалҳои «Барои меҳнати шоиста», «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Аз халқи миннатдори Афғонистон», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Ҷӯра Латифов (зод. 7 марти 1938, Сталинобод) — доктори илмҳои таърих (1997), профессор (2001). Академики АПФР (1998), Ходими хизматнишондодаи илми ҶТ (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷӯра Латифов 7 марти 1938 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ (1961)-ро хатм намудааст.

  • 1961—1964 — муовини директори Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 30-и шаҳри Душанбе,
  • 1964—1969 — котиби якуми ташкилоти комсомолии ноҳияи Октябр ва шаҳри Душанбе,
  • 1969—1972 — котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон,
  • 1972—1986 — мудир ва котиби якуми ҳизби коммунистии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе,
  • 1986—1992 — мудири шуъбаи КМ ҲКТ, муҳаррири маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон», котиби ВКХ Тоҷикистон ва корманди сафорати Афғонистон,
  • 1992—1998 — сардори раёсати Вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон,
  • 1999—2001 — мутахассиси Вазорати маорифи Тоҷикистон,
  • Аз соли 2001 — то ҳоло профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва корҳои илмӣ-методӣ дар бораи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон, ҷаҳонишавии давлатҳои Авруосиё, иҷтимоиёт, ислоҳоти маорифи ҶТ аст. Мақолаҳои илмии ӯ дар Русия, ИМА, Эрон, Финляндия ва дигар мамолик нашр шудаанд. Ҷӯра Латифов иштирокчии якчанд ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ дар Анкара (1993), Москва (1994), Хелсинки (1994), Ашқобод (1997), Турин (1998), Будапешт (1999), Теҳрон (2003) мебошад.

Намунаи осор

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Влияние внутренних и внешних сил на безопасность Южного Кавказа. — Тегеран, 2005;
  • Янки гоухом, отменяется. — Нью-Йорк, 2005;
  • Афганистан: семена надежды. (Урегулирование политической ситуации, укрепление государственных основ и проблемы постконфликтного восстановления Афганистана). — Душанбе, 2007 ва диг.[1]

Ордени «Дӯстии халқҳо» ва медалҳои «Барои меҳнати шоиста», «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Аз халқи миннатдори Афғонистон», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва дигар сарфароз гардонида шудааст.