Ӯктамҷон Воҳидов
Зоҳир
Ӯктамҷон Воҳидов | |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1949 |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 5 январ 2008 (58 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ӯктамҷон Воҳидов (15 июни 1949, Конибодом — 5 январи 2008, Душанбе) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1992), профессор (1992).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯктамҷон Воҳидов соли 1977 факултаи иқтисоди Университети давлатии Тоҷикистон ва 1983 аспирантураи онро хатм кардааст. Солҳои 1977—1995 дар кафедраи иқтисоди сиёсии Университети давлатии Тоҷикистон ба сифати ассистент, муаллим ва дотсенту профессори кафедраи иқтисоди сиёсӣ заҳмат кашидааст. Аз соли 1996 то поёни умр мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Ба масъалаи иқтисоди минтақавӣ, маљмааи хоҷагидории минтақавӣ, дигар паҳлўҳои иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ намуда, қариб шаст таълифоти илмӣ ба хидмат овардааст. Саҳмаш дар тарбияи мутахассисони ҷавон калон мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хозяйственный комплекс Таджикистана как составная часть единого народнохозяйственного комплекса. — Л., 1983;
- Региональная экономика. — Д., 1989;
- Региональный хозяйственный комплекс. — Д., 1990;
- Основы экономической теории. — Д., 1999;
- Оптимизация хозяйственного комплекса Таджикистана. Основы экономического суве-ринитета: диссертация доктора эконом. наук. — Санкт-Петербург, 1992.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 126.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воҳидов Ӯктамҷон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Д., 2008.
- Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 15 июн
- Зодагони соли 1949
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Конибодом
- Даргузаштагони 5 январ
- Даргузаштагони соли 2008
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон