Artel
Навъ | ширкат[d] ва ширкати хусусӣ |
---|---|
Соли таъсис | 2011 |
Бунёнгузорон | Ортиқхоҷаев Ҷаҳонгир Обидович |
Макон | |
Бахш | Электроника |
Шумораи кормандон | 10 000+ |
Ширкати модарӣ | AKFA Group[d] |
Вебгоҳ | artelelectronics.com |
Artel Electronics (Artel ё Artel Electronics Group) — истеҳсолкунандаи асбобҳои маишӣ ва электроникист, ки аз 13 ширкат дар асоси Artel Electronics LLC иборат буда, дар шаҳри Тошканд, Ӯзбекистон воқеъ аст. [1]
Даромади солонаи Artel Electronics Group беш аз 450 миллион долларро ташкил медиҳад. Гурӯҳ дорои зиёда аз 10 000 коргар, 20 корхонаи истеҳсолӣ дар шаш вилояти Ӯзбекистон буда, маҳсулоти худро ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон содир мекунад. Artel инчунин як OEM-истеҳсолкунанда мебошад, яъне барои ширкатҳое, ки бо гурӯҳ алоқаманд нестанд, асбобҳои маишӣ истеҳсол мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Artel фаъолияти худро соли 2011 оғоз намуда, бозорро ба зуди аз худ кард ва айни замон бузургтарин истеҳсолкунандаи техникаи маишӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
2011-2017: Давраи ташкилёбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тошканд соли 2011 аввалин заводи истеҳсолкунии плитаҳои газӣ бо тамғаи Artel кушода шуд. Дар ҳамон сол Artel ба истеҳсоли чангкашакҳо, кӯраҳои микровҷӣ ва дигар қисмҳои ёрирасон шурӯъ намуд. Баъдтар, дар моҳи сентябри соли 2011, Artel бо Samsung созишномаи ҳамкории минтақавӣ ба имзо расонида, аввалин ширкат дар ИДМ шуд, ки маҳсулоти Samsung-ро дар корхонае, ки аз ҷониби Samsung назорат намешавад, истеҳсол мекунад. Дар ҳамон сол, Artel истеҳсоли кондитсионерҳоро якҷоя бо бузургтарин истеҳсолкунандаи асбобҳои барқии чинӣ Midea Group ба роҳ монд.
Дар соли 2012 ширкат ба истеҳсоли мошинаҳои ҷомашӯии нимавтоматӣ ва телевизорҳо шурӯъ кард. Пас аз як сол корхона аллакай истеҳсоли қисмҳои нав, аз ҷумла васлакҳо ва маслуҳотҳои пенопластикиро ба роҳ монд. Дар вилояти Ҷиззах низ як корхонаи нави замонавӣ барои истеҳсоли симҳои мустаҳкам барои қувваи барқ сохта шуд. Artel бозорро фатҳ намуда, номгӯи маҳсулоташро дилпурона васеъ намуд ва аллакай дар соли 2013 ба истеҳсоли яхдонҳо ва кӯраҳои хурди электрикӣ шурӯъ кард.
Дар ин ҷо таваққуф накарда, соли 2012 Artel аввалин смартфони ватаниро дар Ӯзбекистон ба истеҳсол гузошт. Дар соли 2015 ширкат смартфони Android One-ро муаррифӣ кард, аммо аллакай дар соли 2021 истеҳсоли смартфонҳо қатъ карда шуд.
Дар соли 2014 Artel хати истеҳсолкунии платаҳои чопкуниро ба кор андохта, инчунин ба истеҳсоли маҳсулотҳо таҳти тамғаи Shivaki шурӯъ кард.
Аз соли 2015 инҷониб доираи маҳсулотҳои ширкат бо обгармкунакҳои барқии Royal, телевизорҳои бренди Samsung пурра шуда, дар шаҳри Тошканд истеҳсоли маҳсулоти шишагӣ ва асбобҳои рӯзгор ба роҳ монда шуд. Дар ҳамин сол дар Тошканд хати пешқадами истеҳсолкунии яхдон ва мошинаҳои ҷомашуӣ ба кор даромад.
Соли 2016 Artel истеҳсоли мониторҳои компютерии Samsung-ро дар корхонаи шаҳри Ҷиззах, инчунин истеҳсоли пурраи яхдонҳои тамғаи Samsung-ро дар яке аз корхонаҳои Тошканд оғоз намуд.
Соли 2017 бо мақсади шиносоӣ бо натиҷаҳои ислоҳот дар кишвар ва раванди истеҳсолот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович ба яке аз корхонаҳои ин ширкат дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд ташриф овард.
Соли 2018 истеҳсоли обгармкунакҳои газӣ ба роҳ монда шуд.
Соли 2019 корхонаи нави истеҳсоли телевизор дар шаҳри Оҳангарон ва соли 2021 дар Хоразм истеҳсоли қисмҳои мотори барқӣ барои мошинаҳои ҷомашӯӣ ва кондитсионерҳо ба роҳ монда шуд.
2017-ҳозир: Рушди минбаъдаи ширкат дар натиҷаи табдилдиҳии стратегии тиҷорат
[вироиш | вироиши манбаъ]Либерализатсияи бозори асъор дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёси сиёсӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2017 яке аз омилҳои асосии рушди иқтидори содиротии Artel гардид. Айни замон ширкат маҳсулоти худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ИДМ содир мекунад, аз ҷумла: Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, ки саҳми Artel-ро дар бозор мунтазам меафзояд. Дар маҷмӯъ, ширкат маҳсулоти худро ба зиёда аз 20 кишвар, аз ҷумла Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ содир мекунад.
Ислоҳоти минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Ӯзбекистон, аз ҷумла ислоҳоти андоз дар соли 2019 маҳдудиятҳои тӯлонӣ дар ҳаҷм ва афзоиши ширкатҳоро аз байн бурд ва имкон дод, ки сохтори ягонаи холдинг бо ширкати волидайнӣ Artel Electronics LLC таъсис дода шавад. Ва аллакай дар соли 2021, Artel ҳисоботи молиявии гурӯҳро мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муттаҳид кард ва аз "чор ширкати калони аудиторӣ" – Deloitte and Touch хулоса гирифт. Дар корхонаҳои Фкеуд низ дигаргуниҳо ба амал омаданд: мутобиқи сохтори нави ташкилӣ системаи идоракунии корпоративӣ ҷорӣ карда шуд, ки таъсиси Шӯрои нозирони касбиро дар назар дошт. Узви мустақил Ким Уи Так, ки ҳамзамон ноиби президенти калони Samsung Electronics буд, инчунин ба Шӯрои нозирони ширкат даъват карда шуд.
Моҳи июни соли 2021 Artel рейтинги кредитиро аз агентии байналмилалии рейтингии Fitch Ratings гирифт ва аввалин ширкати хусусии ватанӣ дар Ӯзбекистон гардид, ки чунин рейтингро гирифтааст.
Моҳи июни соли 2022 Artel аввалин ширкати хусусии истеҳсолӣ гардид, ки дар биржаи Тошканд облигатсияҳои корпоративиро пешниҳод кард.
Мавқеи кунунии Artel на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна калонтарин истеҳсолкунандаи техникаи маишӣ ба шумор рафта, ҳар сол зиёда аз 4 миллион дона маҳсулоти гуногун истеҳсол менамояд. Даромади содиротии ширкат дар соли 2021 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Ҷуғрофияи корхонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширкат дар шаш вилояти Ӯзбекистон майдонҳои истеҳсолӣ дорад:
Шарикӣ ва ҳамкорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Samsung: Ширкат ҳамкории худро бо Samsung Electronics Co Ltd дар соли 2011 оғоз кард ва аз он вақт инҷониб доираи маҳсулоти худро дар баробари бренди Samsung пайваста, рушд ва тавсеа медиҳад.
Shivaki: Аз соли 2014 Artel бо номи тамғаи асбобҳои маишии Ҷопон Shivaki маҳсулот истеҳсол мекунад.
Viessmann: Дар соли 2019 Artel бо ширкати олмонии Viessmann ҳамкориро оғоз кард ва айни замон шарики минтақавии ширкат дар истеҳсоли дегҳои газ мебошад.
Тамғаҳои молӣ ва тамғаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Artel
- Shivaki
- Avalon
- Royal
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Главная. artelelectronics.com(пайванди дастнорас — таърих). 14 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Декабри 2022.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вебсайти расмӣ Бойгонӣ шудааст 16 Декабри 2023 сол.
- Саҳифаи Facebook
- Саҳифаи Telegram
- Саҳифаи Instagram
- Саҳифаи Youtube