Versace
Навъ | ширкати хусусӣ, хонаи муд[d] ва ширкати тиҷорӣ |
---|---|
Таъсисёбӣ | 1978 |
Бунёнгузорон | Gianni Versace[d] |
Макон | |
Бахш | fashion[d] |
Сайт | versace.com(ит.)(англ.) |
Gianni Versace S.p.A. (кутаҳ. Versace, Верса́че) — ширкати итолиёии истеҳсоли либос ва дигар ашёи бошукӯҳ.
Он соли 1978 аз тарафи моделйер Ҷанни Версаче (2.12.1946-15.7.1997) ташкил карда шуд. Аз соли 1997 сарварии ширкатро хоҳараш Данателла ба уҳда дорад. Тамғаи ширкати Versace ҷонвари баҳрӣ — медуза Ронданини мебошад. Самти асосии фаъолияти ширкати Versace тавлиду савдои ашёи боҳашмат, сарулибоси мардонаю занона, ороишот, атриёт, ҷавоҳирот, мебелу ҷиҳози ороиши хона, аз ҷумла тахтасангҳои сафолӣ, ашёи шустушӯ, зарф ва ғайра мебошад. Versace инчунин соҳиби ҳотелҳои навъи люкс дар Ҳолд Кости Австралия ва Дубайи Арабистони Саудӣ аст. Дар 60 кишвари ҷаҳон мағозаҳои хурд (бутикҳо)-и худро дорад. Баъди истиқлоли давлатӣ дар бозорҳои Тоҷикистон низ молҳои тамғаи Versace, аз қабили курта, шим, сумкаҳои занонаву мардона, пойафзор ва ғайра ба фурӯш бароварда шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Версаче / М. Юнусова // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.