Амстердам
Шаҳр | ||||||||||
ҳол. Amsterdam | ||||||||||
| ||||||||||
|
||||||||||
52°23′ с. ш. 4°54′ в. д.HGЯO | ||||||||||
Кишвар | Нидерланд | |||||||||
Роҳбар | Femke Halsema[d] | |||||||||
Таърих ва ҷуғрофиё | ||||||||||
Таъсис | 1300 | |||||||||
Аввалин номбарӣ | 1275 | |||||||||
Масоҳат |
|
|||||||||
Баландии марказ | −2 м | |||||||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d], Central European Time[d] ва UTC+02:00 | |||||||||
Аҳолӣ | ||||||||||
Аҳолӣ | ||||||||||
Номи қавмӣ | амстерда́мец, амстерда́мка, амстерда́мцы[1] | |||||||||
Шиносаҳои ададӣ | ||||||||||
Пешшумораи телефон | 20 | |||||||||
Нишонаи почта | 1000–1098 ва 1100–1109 | |||||||||
Дигар | ||||||||||
Шаблон:+ПозКарты | ||||||||||
|
||||||||||
amsterdam.nl | ||||||||||
|
||||||||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Амстерда́м (ҳол. Amsterdam [ˌɑmstərˈdɑm]) — пойтахти расмӣ (ҳукумат дар Гаага ҷойгир аст) ва шаҳри бузургтарини Нидерланд, бандари баҳрӣ ва маркази муҳими иқтисодию мадании мамлакат.
Номи шаҳр аз ду калима иборат аст: «Амстел» ва «дам». Амстел — номи дарё, ки худи шаҳр дар соҳили он қарор дорад ва калимаи «дам», ки маънояш сарбанд тарҷума мешавад. Дар асри XII ин шаҳр ҳамчун деҳаи хӯрди моҳигирон вуҷуд дошт ва дар вақти асрҳои Заррини Ҳоланд, Амстердам ба яке аз бандаргоҳҳои муттарақии ҷаҳон ва маркази бузурги савдо табдил ёфт.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолиаш 761395 нафар (бо атрофаш) ва бо қисми агломератсияи Рандстад 2,2 млн нафар; гуногунмиллат (177 миллату халқият), сернуфус- таринашон суринамҳо, марокашиҳо ва туркҳо. Амстердам дар резишгоҳи дарёи Амстел, назди халиҷи Эйсселмер воқеъ гардида, мавқеи мусоиди нақлиётию географӣ дорад. Каналҳои сершумор, шоҳроҳҳои автомобилгард, роҳи оҳани Амстердамро бо Гаага, Роттердам, Баҳри Шимолӣ ва дарёи Рейн мепайванданд. Амстердам калонтарин ва баъди Роттердам дуюмин бандари бузургтарини ҷаҳон (гардиши бор 70,4 млн т, 1 млн контейнер дар як сол маълумот, соли 2010) буда, пешбандараш дар Баҳри Шимолӣ воқеъ аст. Дар Амстердам саёҳати баҳрӣ (то 100 ҳазор сайёҳ дар мавсим) ва дарёӣ (то 60 ҳазор) ба роҳ монда шудааст. Метрополитен дорад. Амстердам дорои аэропорти байналмилалии Схипхол (яке аз даҳ аэропорти бузургтарини олам) аст. Аввалин бор чун маркази тиҷоратӣ ва молиявӣ соли 1275 номбар шуда, солҳои 1975—1806 пойтахти Республикаи Батав ва аз 1806 пойтахти Шоҳигарии Нидерланд мебошад.
|
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Амстердам имрӯз яке аз марказҳои муҳими муносибатҳои иқтисодии Европа аст. Дар он қароргоҳи чандин ташкилотҳои байналхалқӣ ва саридораҳову намояндагиҳои зиёда аз 1,8 ҳазор ширкатҳои хориҷӣ, беш аз 70 намояндагии бонкҳои пешрави хориҷӣ мавҷуданд. Аз соли 2000 инҷониб дар Амстердам қароргоҳҳои Иттиҳодияи биржавии «Euronext» (баъди биржаи Лондон 2-юмин дар ҷаҳон, бо гардиши солонаи 2,3 трлн евро), ING Group, TNT Ekspress, Philips ва ғ. воқеъ гаштаанд. Амстердам яке аз бузургтарин дар ҷаҳон маркази сайқалдиҳӣ ва савдои алмос, тарғибу интишори мӯди олӣ, парваришу савдои гул мебошад. Корхонаҳои асосии саноатӣ дар атрофи шаҳр ҷой гирифтаанд. Соҳаҳои муҳимтарини саноати Амстердам: хӯрокворӣ, пивопазӣ (қароргоҳи компанияи «Heineken»), полиграфӣ, мошинсозӣ, электротехникӣ, электронӣ, химия, истеҳсоли маҳсулоти нефт, чӯбгарӣ, дӯзандагӣ. Дар Амстердам академияи илмҳо, якчанд институтҳои тадқиқоти илмӣ, зиёда аз 20 маркази илмию тадқиқотии соҳаи информатика, тибби биологӣ, илмҳои гуманитарӣ, ду донишгоҳ фаъолият доранд.
Сайёҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Амстердам маркази туризми коршиносӣ ва омӯзишӣ низ аст (соле беш аз 4 млн сайёҳ). Дар Амстердам соле зиёда аз 40 конференсия, намоишгоҳ ва симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд. Амстердам зиёда аз 300 меҳмонхонаи дараҷаи гуногун дорад. Дар Амстердам 8 ҳазор ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоб, 141 нигорис-тони бадеӣ, 42 музей, 45 кинотеатр, 55 театр ва толори консертӣ ҳастанд. Амстердам-ро Венетсияи Шимолӣ низ меноманд. Дар он 28 боғ (Фонделпарк, Сарфатипарк ва ғайра), 165 канал ва 1281 кӯпрук мавҷуд аст. Боғи ҳайвоноташ 6 ҳазор намуд ҳайвон дорад. Биноҳои ҷолибаш бо услубҳои ба ном «эҳёи голландӣ», класситсизм, готикаи нави нидерландӣ ва ғ. бино шудаанд: хонаҳои савдогарон (дар соҳили каналҳо), ратуша (ҳоло қасри шоҳ), бинои Музейи давлатӣ, калисоҳои Ҷанубӣ, Шимолӣ, Ғарбӣ, бинои Компанияи Ост-Инд ва ғ. Соли 1928 дар Амстердам Бозиҳои олимпии 9-ум баргузор гардида буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Городецкая И.Л., Левашов Е.Амстердам. Русские названия жителей: Словарь-справочник. — М.: АСТ, 2003. — С. 27. — 363 с. — ISBN 5-17-016914-0.
- ↑ 2.0 2.1 Bevolkingsontwikkeling; regio per maand — Statistics Netherlands.
- ↑ http://statline.cbs.nl/StatWeb/publication/?DM=SLNL&PA=37230ned&D1=0,17&D2=39,66,88,121&D3=(l-4)-l&VW=T
- ↑ http://statline.cbs.nl/StatWeb/publication/?DM=SLNL&PA=37230NED&D1=17-18&D2=57-650&D3=l&LA=EN&HDR=T&STB=G1,G2&VW=T
- ↑ Bevolkingsontwikkeling; regio per maand — Statistics Netherlands.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- I Amsterdam(англ.)
- City of Amsterdam
- FM радио из Амстердама Бойгонӣ шудааст 12 августи 2013 сол.
- Amsterdam Hotspots
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages with graphs
- Pages with disabled graphs
- Википедия:Статьи с вики-разметкой в изображении карточки
- Википедия:Статьи с табличной вставкой в карточке
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Кишвари номаълум (коди телефон)
- Википедия:Статьи со сложным входом в Модул:URL
- Маҳалҳои аҳолинишин аз рӯи алифбо
- ПРО:Шаҳрҳо:Вироиши охирин: дар ду соли гузашта
- Пойтахтҳои Аврупо
- Амстердам
- Pages using the Kartographer extension