Bадуз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вадутс)
Шаҳр
Bадуз
Vista de Vaduz, Liechtenstein, 2022-10-23, DD 28.jpg
Парчам[d] Нишон
Парчам Нишон
Координатаҳо 47°08′23″ с. ш. 9°31′19″ в. д.HGЯO
Роҳбар Ewald Ospelt[d]
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Bадуз дар харитаи
Bадуз
Bадуз

Bадуз (Vaduz), Вадутсшаҳр, пойтахти қадимии Лихтенштайн, дар водии дарёи Рейн, дар доманаи қ-кӯҳи Ретикон. Аҳолиаш 5400 нафар (2011). Соли 1342 бунёд шудааст. То соли 1719 маркази графии ҳамном буд. Соли 1499 онро шведҳо хароб карданд. Соли 1712 ба маркази сулолаи Лихтенштайн табдил ёфта, аз соли 1938 қароргоҳи князии Лихтенштайн буд. Маркази молиявӣ ва тиҷоратии мамлакат аст. Дар Bадуз (Вадутс) асбобсозии дақиқ, саноати хӯрокворӣ (аз ҷумла шаробпазӣ), нассоҷӣ ва ҳунармандӣ ривоҷ ёфтааст. Дар Bадуз биноҳои камошёнаи садаи XIX–20, аз ҷумла, иморатҳои бо санги сафед ва бомпӯшҳои сафолӣ сохташуда бисёранд. Дар наздикии Bадуз (Вадутс) ф-каи бузургтарини истеҳсоли дандонҳои сунъӣ (аз чинӣ) мавҷуд аст. Боғҳои бисёр дорад. Осорхонаҳои миллӣ, санъати муосир, давлатӣ, осорхонаи почтавӣ, нигористони миллии мусаввараҳо, бонкҳо дорад. Осори меъморӣ; қалъа (асри 9), калисо (1869–73), хонаи ҳукумат (1903–05). Маркази сайёҳӣ ва туризми мамлакат аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978;
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (2). М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]