Jump to content

Бозиҳои олимпии тобистона 2016

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бозиҳои олимпии тобистона 2016
Нишон
Шаҳри мизбон Парчами Бразилия Рио-де-Жанейро, Бразилия
Кишварҳои ширкаткунанда 206
Медалҳои бозӣ 306 маҷмӯъ дар 28 намуд
Маросим пӯшида шуд 21 август
Машъали олимпӣ Вандерлей ди Лима
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бозиҳои олимпии тобистона 2016 (англ. 2016 Summer Olympics, фр. Jeux Olympiques d'été de 2016, португалӣ: Jogos Olímpicos de Verão de 2016, Олимпиада-2016, Рио-2016, номи расмӣ — Бозиҳои олимпии XXXI) — сиву якумин Бозиҳои олимпии тобистона, аз 5-ум то 21-уми август дар Рио-де-Жанейро, Бразилия баргузор гардид. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Интихоби шаҳр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Додани аризаҳо 16 майи соли 2007 оғоз шуда, 13 сентябри ҳамон сол анҷом ёфт. Аризаҳои худро арои гузаронидани Бозӣ Боку (Озарбойҷон), Дока (Қатар), Мадрид (Испания), Прага (Чехия), Рио-де-Жанейро (Бразилия), Токио (Ҷопон), Чикаго (ИМА), ҳамчунин Санкт-Петербург (Русия) дода буданд. Дар натиҷаи бадастории ҳуқуқи баргузории Бозиҳои зимистонааи соли 2014 дар шаҳри Сочи, Санкт-Петербург аризаи худро бозпас гирифт.[1]. 4 июни соли 2008-ум аз шаҳрҳои довталаб чортои онҳо ба даври финалӣ баромад: Мадрид, Рио-де-Жанейро, Токио и Чикаго.

Натиҷаи овоздиҳӣ
Номзадҳо Мамлакатҳо Раунди 1-ум Раунди 2-юм Раунди 3-юм
Рио-де-Жанейро Парчами Бразилия Бразилия 26 46 66
Мадрид Парчами Испания Испания 28 29 32
Токио Ҷопон 22 20
Чикаго  ИМА 18

Қаблан низ Рио-де-Жанейро барои баргузории Бозиҳои олимпии тобимтонаи солҳои 1936, 1940, 2004 ва 2012 ариза пешниҳод карда буд.

 ●  Маросими ифтитоҳ   ● Мусобиқоти интихобӣ    Мусобиқоти финалӣ  EG  Ҷашнвора  ●  Маросими пушидашавӣ
Август 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 Маҷмӯи медалҳо
Маросим
Гребли академӣ 2 4 4 4 14
Бадминтон 1 1 2 1 5
Баскетбол 1 1 2
Муштзанӣ 1 1 1 1 1 1 3 4 13
Куштӣ 2 2 2 3 3 2 2 2 18
Дучархаронӣ 1 1 2 1 2 2 1 1 3 2 1 1 18
Полои обӣ 1 1 2
Волейбол 1 1 1 1 4
Гандбол 1 1 2
Голф 1 1 2
Гребл дар байдар ва каноэ 1 1 2 4 4 4 16
Дзюдо 2 2 2 2 2 2 2 14
Аспдавонӣ 2 1 1 1 1 6
Варзиши сабук 3 5 4 5 5 4 6 7 7 1 47
Тенниси рӯи миз 1 1 1 1 4
Қаиқронӣ 2 2 2 2 2 10
Шиноварӣ 4 4 4 4 4 4 4 4 1 1 34
Ҷаҳидан дар об 1 1 1 1 1 1 1 1 8
Ҷаҳидан дар батут 1 1 2
Регби-7 1 1 2
Шиноварии мавзун 1 1 2
Панҷҳарбаи муосир 1 1 2
Гимнастикаи варзишӣ 1 1 1 1 4 3 3 EG 14
Тирандозӣ 2 2 2 1 2 1 2 2 1 15
Камонварӣ 1 1 1 1 4
Теннис 1 1 3 5
Триатлон 1 1 2
Таеквондо 2 2 2 2 8
Вазнбардорӣ 1 2 2 2 2 2 1 1 1 1 15
Шамшербозӣ 1 1 1 1 2 1 1 1 1 10
Футбол 1 1 2
Ҳоккейи рӯи чаман 1 1 2
Гимнастикаи бадеӣ 1 1 2
Маҷмӯи медалҳо 12 14 14 15 20 19 24 21 22 17 25 16 23 22 30 12 306
Август  3  4  5  6  7  8  9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21


Ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Рио-2016

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар варзишгоҳи "Маракана"-и Рио-де-Жанейро дар Бразилия 5 август соати 19:55 ба вақти маҳаллӣ (6 август соати 03:55 ба вақти Душанбе) оғоз шуд. Дар маросими ифтитоҳи Олимпиада, ки се соат идома дошт, сарони 45 кишвари дунё ширкат карданд. Дар Бозиҳои олимпии имсол намояндагони 206 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин тими паноҳҷӯён барои бори аввал дар олимпиада иштирок намуда ва дар 28 риштаи варзишӣ рақобат мекунанд.[2]

Дар ин маросим, ки хеле ҷолибу пуршукӯҳ сурат гирифт, Мишел Темер, муваққатан иҷрокунанаи вазифаи президенти Бразилия, Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпиро кушода эълон кард. Карлос Нузман, раиси Кумитаи олимпии Бразилия, зимни суханрониаш дар ин маросим гуфт, ки Рио аз унвони "пойтахти олимпӣ" ифтихор дорад.[3]

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016

[вироиш | вироиши манбаъ]
Чемпиони Бозиҳои олимпии тобистона 2016 - Дилшод Назаров
Чемпиони Бозиҳои олимпии тобистона 2016 - Дилшод Назаров

Ҳафт нафар аз варзишгарони Тоҷикистон, дар Олимпиадаи Рио-2016 ширкат варзида, онҳо дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, ҷуду ва шиноварӣ рақобат карданд:

  1. Дилшод Назаров
  2. Комроншоҳи Устопириён
  3. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов
  4. Анвар Юнусов
  5. Кристина Пронженко
  6. Олим Қурбонов
  7. Анастасия Тюрино

Ҷадвали медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: