Бонн
Маҳалли аҳолинишин | |||||
олмонӣ: Bonn | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Katja Dörner[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат | |||||
Баландии марказ | 60 ± 1 м | ||||
Навъи иқлим | Иқлими уқёнусӣ | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 0228 | ||||
Нишонаи почта | 53111–53229 | ||||
Коди мошин | BN | ||||
bonn.de(олмонӣ) international.bonn.de(англ.) |
|||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бонн (олмонӣ: Bonn) — шаҳр дар Олмон, дар замини Райн-Вестфалияи Шимолӣ, дар соҳили рӯди Рейн. Аҳолиаш — 324 899 нафар (2010; бо аҳолии шаҳрҳои Кёлн ва Леверкузен зиёда аз 3 млн нафар).
Маркази нақлиётӣ, дар ҳайати системаи р. о.-и баландсуръати умумиаврупоӣ аст. Бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асри 1 то м. дар ҷойи истеҳкоми ҳарбии легионерони румӣ (Кастра Боннезия) бунёд шудааст. Аз соли 1244 шаҳр. Аз соли 1815 дар ҳайати ПРусия. Солҳои 1949-91 пойтахти ҶФО буд. Бонн маркази маъмурию сиёсии муҳим аст. Баъди ба Берлин кӯчидани пойтахти Олмони муттаҳидшуда дар Бонн як қатор вазоратҳо ва дигар мақомоти олии федералӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, консулгарии бисёр давлатҳо, намояндагиҳои ВАО боқӣ монданд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бонн корхонаҳои нассоҷӣ, электротехникӣ, фабрикаҳои истеҳсоли мебел барои идораҳо, маводди канселярӣ ва дастгоҳҳои табъу нашр фаъолият доранд. Соли 1990 Маркази илмӣ-таҳқиқотии аврупоии пешқадами «Сезар» таъсис ёфт. Дар Бонн хидматрасонии молиявӣ ва суғуртавӣ васеъ ривоҷ ёфтааст. Сайёҳӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бонн донишгоҳ (1777), академияи педагогӣ, қариб 20 Институти таҳқиқоти илмӣ, театрҳо, толорҳои консерт, консерватория, осорхонаи бадеии академӣ дар назди донишгоҳ, осорхонаи бостоншиносӣ, таърихи дақиқ, Осорхонаи инфиродии Людвиг ван Бетховен (дар Бонн таваллуд шудааст) ва боғи ботаникӣ мавҷуд аст. Аз ёдгорҳои меъморӣ Калисои ҷомеи романии Санкт-Кассиус-унд-Флоренсиус (асрҳои 12-13), Калисои готии Санкт-Ремигиус (асрҳои 13-14) боқӣ мондаанд. Бонн ҷойи баргузории конгрессҳо, анҷуманҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ аст. Дар Бонн фестивалҳои байналмилалии санъати театрӣ, фестивали мусиқии Бетховен ва фестивали филмҳои беовоз баргузор мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.destatis.de/DE/ZahlenFakten/LaenderRegionen/Regionales/Gemeindeverzeichnis/Administrativ/Aktuell/05Staedte.html
- ↑ Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2018 (4. Quartal) — Federal Statistical Office.
- ↑ Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2022 (нем.) — DESTATIS, 2023.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонн // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Бонн(олмонӣ)(англ.)(фр.)(исп.)