Зардолу
Зардолу | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Armeniaca.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Prunus armeniaca | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
||||||||||||||||
Паҳншавӣ | ||||||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||||||
|
Зардолу (лот. Prunus armeniaca) — яке аз меваҳои маъмули Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва Қафқоз. Зардолуро меваҳои зардолуи маъмулӣ ва соири анвоъи зардолу низ меноманд[1].
Навъҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар дунё 1600 навъи зардолу, дар Тоҷикистон қариб 120 навъ, дар Конибодому Исфара зиёда аз 90 навъи зардолу парвариш карда мешавад. Навъҳо: аҳрорӣ, хурмоӣ, кафак, бинигорӣ, мирсанҷалӣ, тоҷxибоӣ, бобоӣ, руиxонон (сурх), лола, лоларух, учма (сурх, сафед), боқитаппак, обак, маҳтобӣ, луччак, ҷавпазак, шишахурмоӣ, субҳонӣ, нишонбойӣ, қандак, моҳтобпазак, пешпазаки самарқандӣ, арзаникатта, августпазаки бегоҳӣ, исфарак, ниёзӣ, абрикос, ширпайванд, хасак ва ғ. Ин навъҳо барои хушккунӣ, истеъмол дар ҳолати тарӣ ва консерванамоӣ қулай мебошад.
Парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Байни дарахтон 7х7, 7х8, 8х8, 8х9, 9×9 м буда, майдони зардолузорро бо техника нарм мекунанд. Озуқаҳои маҳаллию маъданӣ дода, қариб 10 маротиба обёрӣ карда мешавад. Зардолу – ҷинси бутта ё дарахти мевадор, мансуби настараниҳо. Дар Осиё 8 намуд, дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон танхо як намуди зардолу паҳн шудааст. Баландии зардолу 8-15 м (навъҳои осиёиаш то 20 м). Барги паҳни эллипсшакли дандондор, гули сафед ё гулобии дуҷинса дорад (пеш аз барг баровардан мешукуфад). Ниҳолаш тезрас, дар 3-4 сол ҳосил медиҳад, мевааш дар шароити Осиёи Миёна аввалҳои июн мепазад. Ҳар бехи зардолу аз 90 то 500 кг (баъзан то 850 кг) ҳосил мебандад. Зардолу гармидӯст, муғҷаҳояш ҳангоми сармои моҳи феврал ва гулаш моҳи март осеб меёбад. Мевааш сафедтоб, норинҷӣ (паҳлӯи офтобрасаш), сурхранг, заъфарон буда, шакли мудаввар, байзашакли мудаввар ё дарозрӯя, ширадори хушбӯй. 4-26 % қанд (2,83-15,81 % сахароза, 0,13-3,38 % глюкоза, 0,65-3 % фруктоза, 0,05-2,4 % молтоза), 0,17-2,76 % туршии себ, лимe ва ғайра, мағзи донакаш 55 % равган, 23 % сафеда дорад. Навъҳои зардолуи осиёмиёнагии мағзширин дар қаннодӣ шуҳрат дорад. Аз мағзи талхи зардолу равғани хушсифат мегиранд. Пӯчоқи донакашро дар саноати химия барои тайёр кардани туш, чӯбашро барои сохтани асбобҳои харротӣ, меваи тару хушкашро чун ғизо ва ғайра дар пухтани мураббо, зардолуоб, мармалод ва ғайра ба кор мебаранд.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 65-70 ҳазор гектар зардолузор буда, қариб 85%-и он дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина ва Кавказ воқеъ будааст. Навъҳои зардолуи собиқ ИҶШС-ро ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мекунанд: осиёимиёнагӣ, эронукавказӣ, аврупоӣ. Хелҳои зардолуи осиёмиёнагӣ қадбаланд, дарозумр, навдаҳояш борик, баргаш майда, мевааш миёнаи серқанд, думчааш сахт. Қариб 300 навъаш маълум буда, ба гурӯҳҳои фарғонагӣ, зарафшонӣ, тиёншонӣ, хоразмӣ ҷудо мешаванд. Зардолуҳои эронукавказӣ асосан дар мамлакатҳои Осиёи Пеш ва Осиёи Хурд паҳн шудаанд. Аз рӯйи аломатҳои биологӣ ба зардолуи осиёмиёнагӣ наздиканд. Меваи онҳо нисбатан калон, қанднокиашон миёна, ба касалиҳои занбуруғӣ тобоваранд. Зардолуҳои аврупоӣ аз Шарқи Наздик, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ оварда шудаанд. Онҳо ба ҳарорати паст мувофиқ шуда, аз гармо зарар мебинанд. Қадашон 6-8 метр, навдаҳояшон ғафс, баргу меваашон калонанд. Асосан барои тархӯрӣ ва мураббо истифода мешаванд. Дар Осиёи Миёна ин навъҳои зардолуро дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ, дар баландиҳои 400—100 метр аз сатҳи баҳр парвариш мекунанд. Барои парвариши зардолу заминҳои пастхаму нишебрӯя ва мавзеъҳои шамолрасро интихоб карда, масофаи байни қаторҳо ва дарахтҳоро вобаста ба намии хок 8х8, 8х10 метр мегузоранд ва ба 1 га 125—126 бех ниҳол мешинонанд. То сад сол умр мебинад.
Зардолу аз гули якдигар гардолуд мешавад ва дарахти худрӯяш (хасак) хусусияти навъи худро гум мекунад. Бинобар ин ниҳоли пайвандиро мешинонанд. Барои пайванд баъзан хасаки зардолу ва олучаро истифода мебаранд. Хоки атрофи онро солҳои 1-2-юми шинонидан нарм карда, соле 30-50 кг нитроген, 60-80 кг калий ғизо дода, 6-8 маротиба об медиҳанд.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Зардолузорҳои калонтарини Осиёи Миёна дар водии Фарғона, водии Зарафшон, навоҳии кӯҳии Тоҷикистон ва қисми ҷанубу ғарбии Ӯзбекистон воқеанд. Ба зардолупарварӣ асосан дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон Ашт, Исфара, Конибодом ва Хуҷанд машғуланд. Ин ноҳияҳо бештар аз 64%-и ғулинги Тоҷикистонро медиҳанд, зардолузори ин ноҳияҳо қариб 78%-и масоҳати умумии боғдориро мегиранд. Вилояти Суғд дар 30 соли охир ҳамчун базаи калонтарини истеҳсоли зардолу дар Осиёи Миёна шуҳрат ёфта, ҳар сол бештар аз 10 ҳазор тонна мева медиҳад. Шоху кундаи дарахти зардолу ҳамчун ҳезум, хазонаш ҳамчун хӯроки серғизои чорво ва тагандоз истифода мешавад.
Далелҳои ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар маркази шаҳри Исфара, ба шарафи ин мева, ки ин ҷо бештар парвариш карда мешавад, муҷассамаи зардолу сохта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абрикос // А — Ангоб. — М. : Советская энциклопедия, 1969. — (Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров ; 1969—1978, т. 1).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардолу // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.