Jump to content

Зулфия Исроилова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфия Исроилова
Таърихи таваллуд: 1 (14) март 1915[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1 август 1996(1996-08-01)[2] (81 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон, рӯзноманигор
Жанр: шеър[d]
Забони осор: ӯзбекӣ ва русӣ
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» медали «Барои меҳнати шоён» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" медали «Ветерани меҳнат»
Ҷоизаи давлатии СССР
Ордени «Дӯстлик»

Зулфия Исроилова (ӯзбакӣ: Zulfiya Isroilova; тахаллуси шоириаш Зулфия; 1 [14] март 1915[1], Тошканд, генерал-губернатории Туркистон[3]1 август 1996[2], Тошканд) — шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори узбак. Шоири халқии ҶШС Узбакистон (1965). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984)[4]. Барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1976). Узви ҲКИШ аз соли 1953.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулфия соли 1915 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Падараш ба косибӣ машғул мешуд. Волидайни Зулфия бисёр мехостанд, ки ӯ босавод шавад. Баъд аз хатми мактаби миёна таҳсили Зулфия дар омӯзишгоҳи педагогӣ идома меёбад. Баъди хатми таҳсил Зулфия ба идораи рӯзномае ба кор медарояд ва аз ҳамон вақт ба шеъргӯӣ оғоз менамояд. Шеърҳои аввалинаш дар маҷмӯаи «Саҳифаҳои ҳаёт» (1932) ҷамъ омадааст.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кори рӯзноманигорӣ қобилияти эҷодии шоираро сайқал медиҳад. Дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ кор карда, Зулфия асарҳои зиёди назмиву насриро офаридааст. Нашъунамои адабиёти садаи XX-и ӯзбек бо номи ӯ пайвастааст. Истеъдоди баланди шоирӣ Зулфияро машҳур гардонида буд. Мардуми ӯзбек ва анъанаҳои бисёрасрааш дар шеъру достонҳои Зулфия тараннум ёфтааст. Якдилии халқҳои шӯравиро дар сатҳи баланди адабиёти бадеии ҷаҳонӣ инъикос карда, Зулфия ба наслҳои оянда мероси бои адабиро боқӣ гузоштааст ва ҳамчун муборизи шуълавари сулҳ ба пойдории дӯстии байни халқҳо таъсири намоён расондааст. Асарҳои инсондӯстонааш аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, арзиши хешро то имрӯз гум накардаанд ва дар таърихи адабиёти халқи ӯзбек бо хатти заррин сабт ёфтаанд. Эҷодиёти Зулфия барои ривоҷу равнақи фарҳанги Ӯзбекистон боз барои он ёдгор мондааст, ки ин шоира асарҳои баландмазмунашро ба забони ӯзбекӣ менавишт ва аз ин сабаб обрӯи забони ватанаш баланд бардошт. Ба номи шоира Мукофоти давлатии Ӯзбекистон дар соҳаи адабиёту санъат таъсис гардидааст[5][6].

Зулфия, ки имрӯз мояи ифтихори халқ аст, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) ва унвони «Шоираи халқии Ӯзбекистон» буд. Ӯ соли 1996 вафот кард.

  1. 1.0 1.1 Герои страны (рус.) — 2000.
  2. 2.0 2.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #1030215448 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. 3.0 3.1 Зульфия // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  4. Зулфия / Одили Нозир // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
  5. Государственная премия Зульфии. 30 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 ноябри 2009.
  6. Об учреждении Государственной премии имени Зульфии. Указ Президента РУз..