Муболиға
Зоҳир
Муболиға - (аз забони арабӣ - зиёд нишон додан), аз санъатҳои бадеии маънавист, ки ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти муосир бисёр истифода мешавад. Гоҳо нависанда дар тасвир ва ситоиши чизе аз ҳади табиӣ мебарояд, онро калонтар ва ё хурдтар карда нишон медиҳад, дар таъриф ба болотарин нуқта мебардорад ва ё ин ки ба пасттарин дараҷа мефарорад, ки ин ҳолати тасвир муболиға ном дорад.Дар забони халқ муболиға муҳобот номида мешавад.
Зи анбӯҳи мардум дар он анҷуман, Набуд лек як ҷойи сӯзан задан. |
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Зеҳнӣ Т.Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ. Душанбе:Нашрдавтоҷ,1960.-с.75
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |