Нестор Киршнер
исп. Néstor Kirchner | |
Ном ҳангоми таваллуд | англ. Néstor Carlos Kirchner Ostoić |
Таърихи таваллуд | 25 феврал 1950[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 октябр 2010[4][1][2][…] (60 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | вакил, сиёсатмадор |
Ҳамсар | Кристина Элизабет Фернандес де Киршнер |
Фарзанд | Máximo Kirchner[d] ва Florencia Kirchner[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Нестор Киршнер ( Néstor Carlos Kirchner Nestor ) Президенти Аргентина, губернатори музофоти Санта Круси Аргентина ва шавҳари президенти пешин Кристина Фернандес де Киршнер аст.
Киршнер, ки соли 2010 барои бемории дилу рагҳо ду ҷарроҳии дилро аз сар гузаронида буд, 27 октябри соли 2010 дар хонаи худ дар Эл Калафате пас аз сактаи дил даргузашт. [6]. Дар маросими дафн ба ғайр аз чандсад ҳазор нафар аҳолии Аргентина роҳбарони ҳашт кишвари Амрикои Чанубӣ низ ҳозир буданд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нестор Киршнер 25 феврали соли 1950 дар Рио Галлегос таваллуд шудааст. Падари ӯ аз насли швейтсарӣ ва модараш аз насли омехтаи Чили-Хорватия аст. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи миллии Ла-Плата гирифта, он донишгоҳро дар риштаи ҳуқуқшинос хатм кардааст. Дар донишгоҳ ӯ инчунин бо занаш Кристина Фернандес де Киршнер вохӯрд, ки баъдтар ба ӯ издивоҷ кард.
Вазъи ноустувори сиёсии пойтахт ӯро водор сохт, ки ба зодгоҳаш баргардад ва ҳамроҳ бо ҳамсараш, ки ҳамзамон ҳуқуқшинос буд, як ширкати бомуваффақияти ҳуқуқшиносӣ таъсис кард. Пас аз суқути диктатураи ҳарбӣ ва истиқрори демократия дар кишвар дар соли 1983 ӯ дар ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок мекунад. То соли 1986 ба ӯ муяссар шуд, ки муқобили номзадии мири Рио Галлегос дастгирии кофии сиёсиро ҷамъоварӣ кунад ва пирӯз шавад. Дар давраи ҳокимяти ӯ (1987 - 1991) ба қадри кофӣ муваффақ буд, ва дар интихоботи губернатории музофоти Санта Крус дар соли 1991 ӯ ҳамчун номзад пешбарӣ шавад ва бо 61% пирӯз шавад. Вай дар соли 2003 дар интихоботи президентии Аргентина иштирок намуда бар Карлос Менем пирӯз шуд .
Президентӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Киршнер кишварро дар шароити бӯҳрони ҷиддии иқтисодӣ, бо қарзи бузурги хориҷӣ 178 миллиард доллар ва фасоди молӣ дар ҳама сатҳҳо ба кор шурӯъ карда буд. Дере нагузашта, Киршнер ба Суди Олӣ тағйироти ҷиддие ворид кард, ки қариб ҳамаи аъзоёни муҳофизакори кӯҳнаро бо аъзоёни нав иваз кард (аз ҷумла зане, ки атеисти ошкоро буд). Вай инчунин як қисми зиёди низомиёни баландпояро иваз кард, ки обрӯи онҳо дар ҷангҳо пошида шуда буданд. Афви сарбозоне, ки дар давраи диктатураи ҳарбӣ ҷиноят содир кардаанд, низ бекор карда шуд.
Аллакай дар соли аввали президент буданаш ба ӯ муяссар шуд, ки қисми зиёди қарзи берунии кишварро пӯшад ва таҷдиди сохторӣ дар кишвар кунад ва барои иқтисод нафаси тоза фароҳам оварад.
Дар соли 2007 Киршнер эълон кард, ки бо вуҷуди пуштибонии беш аз 60 дарсади интихобкунандагон, тибқи назарсанҷӣ, ӯ барои даври дуввуми интихобот ширкат намекунад. Ба ҷои ин, ӯ аз номзадии ҳамсараш Кристина Фернандес де Киршнер пуштибонӣ кард ва ба таъсиси ҳизби сиёсии худ кӯшиш кард.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ http://www.bbc.co.uk/news/world-latin-america-10627873
- ↑ http://www.nytimes.com/top/reference/timestopics/people/k/cristina_fernandez_de_kirchner/index.html
- ↑ news.bg
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 25 феврал
- Зодагони соли 1950
- Зодагони Аргентина
- Даргузаштагони 27 октябр
- Даргузаштагони соли 2010
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Президентҳои Аргентина
- Сарварони асри XXI
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Ҳукуматдорони Аргентина