Jump to content

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи асосгузорӣ 1934
Ҷойгиршавӣ Душанбе
Директор Иброҳимзода Зафаршо Сафо
Сайт osorkhonaimilliidip.tj
Логотипи Викианбор Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Викианбор
Бинои пештараи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Душанбе.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон. 2013

Осорхонаи миллии Тоҷикистон — осорхона воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, ки 20 марти соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кардааст.

20 марти соли 2013 дар Душанбе расми кушодашавии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии осорхона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намудаанд. Дар толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.[1]

Қисматҳои осорхона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ" тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, № 1094 таъсис ёфтааст.[2] Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад. Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, 5 махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, 12 ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Шуъбаҳои намоишии осорхона: табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ мебошанд.

Толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла, «Корд»-туҳфа аз Президенти Федератсияи Русия В. В. Путин, «Амсилаи Каъба», "Порае аз Кисва (парда)-и Хонаи Худо (Каъба)-туҳфаи Арабистони Саудӣ, «Лаълӣ»- туҳфаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзиана Ингакан, «Шамшер»-туҳфа аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, «Гулдони шишагин», «Армуғон», «Рангдон», «Ромби шишагӣ»-туҳфаҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Шоҳкарим Оғохони 4, «Шамшер»-туҳфа аз собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҷопон Ғ. Бобозода, «Гулдон»-туҳфа аз директори Хадамоти амнияти федеролии Русия Н. К. Патрушев, «Лаълӣ»-туҳфаи Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка дар Тоҷикистон С. С. Вирасурия, «Ордени Пётри Кабир»-туҳфа аз Академияи бехатарии Федератсияи Русия, «Табақи заррандуд»-туҳфа аз Ҷумҳурии Туркия, «Ҷоми нуқрагин»-туҳфа аз собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, «Армуғони нуқрагин»-туҳфа аз Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, «Ҷоизаи махсуси СММ»-туҳфа аз СММ, «Табақ ва гулдони чубин»-туҳфа аз собиқ Президенти Украина Леонид Кучма, «Амсилаи Регистони Самарқанд»-туҳфа аз собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, «Қаламдон»-туҳфаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ашван Сингха, «Аспи рамзӣ»-туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ғайра туҳфаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сарварон ва дигар роҳбарони воломақоми давлатҳои ҷаҳон ба Президенти кишвар туҳфа карда шудаанд.[2]

Хазинаи осорхона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хазинаи экспонатҳои осорхонаи миллиро хазинаи бойгонии собиқ Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил медиҳад. Ба хазинаи осорхонаи миллӣ — 2278 ёдгориҳо ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, туҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Аз 21 осорхонаи ҷумҳурӣ — 1225 нигора интихоб ва аксбардорӣ шудаанд. Илова бар ин аз Осорхонаҳои вилояти Суғд 587 нигора, аз вилояти Хатлон 279 нигора, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49 нигора ба хазинаи осорхона ворид карда шудаанд. Ҳамзамон мутахассисон нақшаи ороиши бадеии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро таҳия намуданд. Дар гулгашти бинои нави осорхонаи миллӣ 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ гузошта шудааст.[3]

Ахбори осорхонаи миллии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2014 бо қарори Шӯрои илмии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» китоби нахустин зери унвони «Ахбори осорхонаи миллии Тоҷикистон» — Душанбе, 2014, 176 с. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) нашр шудааст. Шумораи нахустини китоби мазкур фарогири мавзӯъҳои муҳими осорхонашиносӣ, таърихӣ, сиккашиносӣ, бостоншиносӣ ва фарҳангӣ буда, дастранҷи олимону донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.[4]

Омори тамошобинон дар соли 2022

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Осорхонаи миллӣ тамошобинон имкон доранд ба воситаи экскурсия оид ба таърихи куҳану фарҳанги пурғановат, табиати нотакрор, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва умуман бо тарзи зисту зиндагонӣ, анъана, урфу одат, қаҳрамонию ҷонисориҳои фарзандони миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушду равнақи соҳаҳои гуногун дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ, инчунин дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ намоянд.

Шумораи тамошобинон дар соли 2022 – 99 397 нафарро ташкил дода, аз ҷумла 4 527 нафар хориҷӣ мебошанд. Дар соли 2022 роҳбаладони Осорхонаи миллӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ ва урду ба

  • 13 769 нафар дохилӣ,
  • 3237 нафар хориҷӣ
  • ыамъ: 17 006 нафар тамошобинон 2021 экскурсия
  • 1 022 экскурсияи дохилӣ,
  • 999 экскурсияи хориҷӣ

доир намудаанд.

Дар соли 2022 намояндагони 47 кишвари олам аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намудаанд.[5]

Аксҳои бино

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аксҳои толорҳои осорхона

[вироиш | вироиши манбаъ]