Саидҷаъфар Усмонзода
Зоҳир
Усмонзода Саидҷаъфар Усмон | |
Таърихи таваллуд: | 4 ноябр 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Ҳизб: | Ҳизби демократи Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Усмонзода Саидҷаъфар Усмон — Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (аз 16.12.2012), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI[1], номзади интихоботи президентии Тоҷикистон 2013.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Усмонзода Саидҷаъфар Усмон 4 ноябри соли 1960 дар деҳшӯрои ноҳияи Фархор дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Аз моҳи сентябри соли 1967 то моҳи июни соли 1977 дар мактаби миёнаи №5 ба номи Калинини ноҳияи Фархор таҳсил намудааст.
Собиқаи корӣ:
- 1.11.1977-07.1978 – Коргузори мактаби миёнаи №5 — и ноҳияи Фархор.
- 2.09.1978-09.1983 – донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
- 3.11.1983-11.1984 – Иқтисодчии бонки сохтмонии вилояти Курғонтеппа.
- 4.11.1984-01.1989 – Корманди Кумитаи комсомолии шаҳр ва вилояти Курғонтеппа.
- 5.01.1989-10.1990 – Нозири кумитаи назорати халқии шаҳри Курғонтеппа.
- 10.1990-05.1992 – Раиси кооперативи истеҳсолии «Хатлон» — и ноҳияи Ховалинг.
- 7.07. 1992-04.1996 – Хидмат дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 8.04.1996-05.1997 – Мудири шуъбаи Иттифоқи ҷавонони шаҳри Душанбе.
- 9.05.1997-08.1999 – Сардори идораи коргузории Бонки Миллии Тоҷикистон.
- 10.09.1999-07.2000 – Ҷонишини Директори корхонаи хӯрокаи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе.
- 11.07. 2000-01.2002 – Директори маркази техникии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 12.07.2002-08.2002 – Хидмат дар Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 13.09.2002-02.2004 – Сардори полиси андози шаҳри Турсунзода.
- 14.10.2004-01.2005 – Ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
- 15.01.2005-12.2012 – Соҳибкор
- 16.12.2012 – Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.
- Соли 2001 рисолаи номзади илмҳои иқтисодиро дар мавзӯъи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар шароити бозаргонӣ, дар ҳолати зиёд будани қувваи корӣ» — ро ҳимоя намудааст.
- Соли 2005 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]
14 июни соли 2024 аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакилӣ маҳрум гардида, ба ҳабс гирифта шуд.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Усмонзода Саидҷаъфар Усмон(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2020.
Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 4 ноябр
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Фархор
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Олимони Тоҷикистон