Сомониён
Таърихи таъсис | 819 |
---|---|
Бунёнгузор | Сомонхудот |
Забони расмӣ | форсӣ ва арабӣ |
Кишвар | |
Забони мавриди корбурд | забонҳои эронии шарқӣ |
Таърихи фурӯпошӣ | 999 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сомониён (форсӣ: سامانیان; 819—1004) — дудмоне аз амирон ва ҳукмронони эронии[1][2] суннимазҳаб, ки ҳудуди ду қарн бар бахшҳои бузурге аз Мовароуннаҳр бо таъйид ва муҳри хулафои Аббосӣ ҳукумат карданд. Маркази ин ҳукумат дар Хуросони Бузургу Фарорӯд буд ва дар бузургтарин густараи худ, бар тамоми Афғонистони кунунӣ ва бахшҳои бузурге аз кишварҳои имрӯзии Тоҷикистон, Эрон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон фармон ронд.
Амирони сомонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонхудот (Аркак)
- Асад ибни Сомон
- Нӯҳ ибни Асад (солҳои 819—841)
- Аҳмад ибни Асад (солҳои 841—864)
- Наср ибни Аҳмад (солҳои 864—892)
- Исмоили Сомонӣ (солҳои 892—907)
- Аҳмад ибни Исмоил (солҳои 907—914)
- Насри II ибни Аҳмад (солҳои 914—943)
- Нӯҳ ибни Насри II (солҳои 943—954)
- Абдумалики I ибни Нӯҳ (солҳои 954—961)
- Мансури I ибни Нӯҳ (солҳои 961—976)
- Нӯҳи II ибни Мансур (солҳои 976—997)
- Мансури II ибни Нӯҳ (солҳои 997—999)
- Абдумалики II ибни Нӯҳ (соли 999)[3]
- Исмоили Мунтасир[4] (солҳои 1000—1005)
Дар асари Сайфиддинҳоҷӣ «Осору-л-вузаро» барои амирони Сомонӣ чунин ду байт оварда шудааст:
Нуҳ тан буданд зи оли Сомон мазкур
Гашта ба иморати Хуросон машҳур.
Исмоилу Аҳмаду (саввум) Наср
Ду Нӯҳу ду Абдумалику ду Мансур.Осору-л-вузаро
Дар ин байтҳо 9 амири Сомонӣ номбар шудаанд. Муаллиф номи Насри II — ро аз «рӯйхат» берун гузоштааст.[5]
Одамушуаро آدم الشعرا Рӯдакӣ нисбати бузургии хонадони Оли Сомон чунин байте навиштааст:
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.Рӯдакӣ
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Sāmānid dynasty(англ.). Encyclopædia Britannica.
- ↑ IRANIAN IDENTITY iii. MEDIEVAL ISLAMIC PERIOD(англ.). Encyclopædia Iranica Online(пайванди дастнорас — таърих). 27 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе: Оли Сомон,1997. — 76 с.
- ↑ Мусавии Буҷнӯрдӣ, Козим (1393 ҲҚ). Ризоии Боғбидӣ, Ҳасан; Ҷаъфарии Диҳақӣ, Маҳмуд; Саҷҷодӣ, Содиқ, виросторон. Таърихи Ҷомеъи Эрон. Теҳрон: Маркази Доират-ул-маъорифи Бузурги Исломӣ (Маркази Пажуҳишҳои Эронию Исломӣ). Ҷилди 6, Сафҳаи 479, ISBN 978-600-6326-36-8.
- ↑ Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе: Оли Сомон,1997, с.3