Фазлиддин Муҳаммадиев
Фазлиддин Муҳаммадиев | |
Таърихи таваллуд: | 15 июн 1928 |
Зодгоҳ: | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 16 октябр 1986 (58 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда,тарҷумон |
Солҳои эҷод: | 1947-1985 |
Жанр: | қисса, очерк, ҳикоя, роман |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1967) |
Фазлиддин Аминович Муҳаммадиев - нависанда, Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1957), Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон (1978), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 1967).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дастпарвари мактаби миёнаи №.15 шаҳри Самарқанд. Соли 1946 ба Сталинобод омадааст. Фаъолияти кориаш чун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” (минбаъд – “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло – “Ҷумҳурият”, 1947-1949) сар шудааст. Мактаби марказии комсомол (Москва, 1951), курси олии адабии назди Институти адабии ба номи М.Горкий (Москва)-ро хатм кардааст (1962). Минбаъд дар вазифаҳои Котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – “Ҷавонони Тоҷикистон”, 1951-1954), муҳаррири рӯзномаи “Газетаи муаллимон” (ҳоло – “Омӯзгор”, 1954), мудири шуъбаи маданият ва маишати рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (1954-1955), котиби масъули маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” (ҳоло – “Фирӯза”), “Хорпуштак” (1955-1957), мудири шуъба, котиби масъули моҳномаи “Шарқи Сурх” (ҳоло – “Садои Шарқ”, 1957-1960), муҳаррири маҷаллаи “Хорпуштак” (1962-1964), узви коллегияи сенариянависони Киностудияи ”Тоҷикфилм” (1965-1966), муҳаррири калони нашриёти “Ирфон” (1967-1968), мудири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии ЭСТ (1969-1973), сармуҳаррири Комитаи давлатии ҶТ оид ба синамо (1973-1976), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978-1981) кор кардааст. Фазлиддин Муҳаммадиев 16 октябри соли 1986 бар асари кордзании чанд тан авбош дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҷон додааст. Фазлиддин Муҳаммадиев дар оромгоҳи Боғи Лучоб ба хок супорида шудааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин ҳикояҳояш аз аввали солҳои 50-уми асри мозӣ чоп шуда дарак аз зуҳури нависандаи ҷавони соҳибсабақу соҳибистеъдоде додаанд. Ҳамон солҳо беҳтарин очеркҳоро навиштааст, ки дар маҷмӯаи «Муҳоҷирон» (1958) гирд омадаанд. Баъдан қиссаҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (1960), «Одамони куҳна» (1963), «Бибизайнаб» (1964), «Дар он дунё» (1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (1974), қиссаҳои «Шоҳии япон» (1982) «Варта» (1983), маҷмӯаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (1990)-аш ба табъ расидаанд. Солҳои 1978-1980 дуҷилда, солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шудаанд. Соли 1985 китоби дигари очеркҳояш «Дӯстон – тоҷи сар» пешкаши хонандагон гардидааст, ки аз биҳин намунаҳои навъи мазкур дар насри муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи асарҳои ӯ борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд. «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияҳои ӯ филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980)-ро офаридааст. Филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ сазовори мукофот гардидааст. Драмаи «Арӯси охирини амиралмуъминин» (1963)-ашро Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст. Ҳикояҳои алоҳидаи А. Чехов, Т. Драйзер, романи А. Стил «Зарбаи аввалин», қиссаву романҳои Ч. Айтматов «Ҷамила», «Дуроҳаи бӯронӣ» ва «Алвидоъ, Гулсарӣ!», романи А. Қаҳҳор «Модарони меҳрубони ман» ва ғ.-ро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.[1]
Дар бораи эҷодиёти нависанда
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи Фазлиддин Муҳаммадиеви публисист ягон асари таҳкикӣ вуҷуд надорад. Вале зимни таҳлили асарҳои калонҳаҷми ӯ чунон ки ишора рафт, баъзе фикру мулоҳизаҳо баён шудаанд. Аз ҷумла, мунаккиди шинохта Соҳиб Табаров дар заминаӣ очерку ҳикояҳои нахустини Ф. Муҳаммадиев андешаронӣ карда, навишта буд:
«дар очерк аксаран ҳамон ҷавҳари зиндагӣ асоси мавзӯъро ташкил мекунанд, ки онҳоро худи нависанда бевосита дида, мушоҳида карда, дар бораи онҳо тасаввуроти муайяни худро дорад ва ба онҳо дуруст бахо дода метавонад
[2][3] Муҳақиқ аз боби очеркҳои «Муҳоҷирон» ва «Фаттоҳ ва Музаффар» сухан ронда, дуруст таъкид менамояд, ки Ф. Муҳаммадиев дар атрофи
«масъалаҳои иқтисодиёти колхозӣ» сухан ронда, зимни таҳлили онҳо «характер ва хусусиятҳои каҳрамононро мекушояд»
Таваҷҷуҳи К. Раҷабовро маҳорати Ф. Муҳаммадиев дар идрок ва донистани
«характерноктарин ҳодисаҳои дороӣ аҳамияти калон»
[4] ҷалб кардаст. Атахон Сайфуллоев дар очеркҳои Ф. Муҳаммадиев
«моҳирона истифода кардани ҷузъиётро»
таъкид намуда, қайд менамояд, ки қаҳрамонони нависанда
«ягон корномаии фавқуллода, ягон хидмати бузург нишон надиҳанд ҳам, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият сазовори пайравию эҳтиром мебошанд»
[5]. М. Муллоҷонов бошад, таъкид менамояд, ки ба Фазлиддин Муҳаммадиев
«кушиши таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳо аз воқеот, бо назари васеътар дидан ва дарк кардани олам хос аст»
[6].
Мукофот ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени “Дӯстии халқҳо”,
- “Нишони Фахрӣ”,
- Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986),
- дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967),
- Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудааст.[7]
Некдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 144 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Табаров С. Очерк ва ҳикоя бояд жанрҳои ҷанговари адабиёти имрӯзаи тоҷик гарданд // Шарқи сурх, 1959. -. № 6. - С. 144
- ↑ Табаров С. Ҳаёт, адабиёт, реализм. - Душанбе:' Ирфон, 1966. - С. 219.
- ↑ Раҷабов К. Очерк - жанри ҷанговар // Садои Шарқ, 1965. № 11. - С. 155.
- ↑ Сайфуллоев А. Санъати навоварӣ // Тафаккур ва образ. - Душанбе: Ирфон, 1968. - С. 124
- ↑ Муллоҷонов М. Тирамоҳи боровар // Садои Шарқ, 1982. №1.-С. 110
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе,2013, — С.87 — 184 с. ISBN 978-99947-958-2-6
- Зодагони 15 июн
- Зодагони соли 1928
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Самарқанд
- Даргузаштагони 16 октябр
- Даргузаштагони соли 1986
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ