Чарогоҳ
Чарогоҳ, чарохӯр, чарохор — қитъаи замине, ки бо қабати рустаниҳои худрӯй ва киштшаванда пӯшонида шуда, барои чаронидан ва нигоҳдории чорво пешбинӣ шудааст[1].
Майдони умумии чарогоҳоӣ ҷаҳон тақрибан 26% хушкии ҷаҳонро ташкил медиҳад[2]. Гарчанде ки майдони чарогоҳҳо хеле бузург— ду миллиард гектарро дарбар мегирад — 2/3 қисми ин заминҳо барои парвариши зироат номувофиқ аст[3].
Чарогоҳ табиӣ ва кишта (мазрӯъ) мешавад. Набототи чарогоҳҳои табиӣ асосан аз алафҳои бисёрсолаи худрӯй, баъзан гулсанг (тундра), нимбуттаву бутта (тундра, нимбиёбон ва биёбон) иборат аст. Чарогоҳи киштаро бо роҳи беҳтар кардани алафзори табиӣ (ҳамвор кардани пастиву баландиҳо, канда партофтани буттаҳо, чидани санг, танзими низоми об, оҳакандозӣ ва ғайра) ва кишти омехтаи алафҳои гуногун ба вуҷуд меоваранд.
Чарогоҳ барои ҳайвоноти хоҷагии деҳот яке аз манбаъҳои асосии хўроки сабзи арзон ва пурқимат аст. Дар мамлакати мо тақрибан аз чор се ҳиссаи талаботи чорворо ба хӯроки сабз аз ҳисоби чарогоҳ таъмин мекунанд. Дар чарогоҳ маҳсулоти ҳайвоноти хоҷагии деҳот назар ба парвариши оғилӣ 25—40% афзуда, сифати маҳсулот беҳтар ва арзиши аслии он 20—30% арзон мешавад.
Чорворо дар чарогоҳи минтақаи бешазор 125—150, бешадашт қариб 20, нимбиёбон тақрибан 250 шаборӯз ва дар тундраю биёбон қариб тамоми сол мечаронанд. Дар ноҳияҳои кӯҳсор чарогоҳҳои субалпӣ ва алпиро тобистон чун чарогоҳи муваққатӣ (2—3 моҳ) истифода мебаранд.
Чарогоҳҳои Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон 3 млн 166 ҳазор га чарогоҳ ҳаст. Моли майда 90%, гову асп 60%-и хӯрокашро аз чарогоҳҳои табиӣ ва алафзор мегирад. Чарогоҳҳои чумҳури вобаста ба мавсими истифода ба зимистонӣ (се фасли сол — тирамоҳу зимистон ва баҳор истифода мешаванд), тобистонӣ, инчунин муваққатӣ ҷудо мекунанд.
Чарогоҳҳои зимистонӣ дар водиҳо, ҳамвориҳои доманаи кӯҳҳо, адирҳои пасти ҷануб ва шимоли Тоҷикистон (360 —2200 м аз с. б.) ҷойгиранд. Масоҳати умумиашон 1,5 млн га. Дар чарогоҳҳои ҷаннуби Тоҷикистон дар давоми сол андаряк 146—300 мм боришот мешавад. Набототаш аз эфемеру эфемероидҳо — ҷорӯбак, ғеша, бузгандум, бомас, говришқа, нахӯдак ва ғайр иборат аст. Аз ҳар га-и чунин чарогоҳ андаряк 3—5 ц хошок ғундоштан мумкин. Чарогоҳҳои зимистонии шимоли Тоҷикистон дар баландии 323—1004 м аз с. б. ҷойгиранд. Дар ин минтақа боришоти солона 104—300 мм аст. Набототаш аз эфемеру эфемероидҳо (асосан аз шибоғ, шӯрагиёҳи яксола ва ғайра) иборат аст. Аз ҳар га андаряк 2,5—4,5 ц хошок гирифтан мумкин.
Чарогоҳҳои тобистонии баландкӯҳи Тоҷикистон дар минтақаи субалпӣ ва алпӣ (баландтар аз 2500 м) ҷойгир буда, дашту марғзори баландкқҳро дар бар мегиранд. Боришоти солонаашон 700—830 мм. Дар марғзори субалпӣ бештар думи рӯбоҳ, ҷорӯбак, бомас, ҷавгиёҳ, peгнерния, говришқа, якчанд навъи нахӯдак ва ғайра мерӯянд.
Чарогоҳҳои тобистонии субалпӣ асосан дар нипебиҳои шимоли қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Петри I ва камтар дар Помири ғарбӣ (аз 2800—3000 то 3400—3900 м аз с. б.) воқеанд. Алафзори ин чарогоҳҳо аз хӯшагиҳои чимдор-сулигиёҳ, ҷорубак, ковил ва ғайра иборат аст. Чарогоҳҳои алпӣ болотар аз минтақаи марғзор ва даштҳои субалпӣ (3000—3500 м аз с. б.) ҷойгиранд. Набототи онҳо асооан аз гиёҳҳои қадпасти хӯшадор (типчак ва ғайра.), лӯбиёӣ (зулзада) ва алафҳои гуногун иборат аст. Аз ҳар гаи Чарогоҳҳои тобистонӣ андаряк 7—8 ц хошок гирифтан мумкин аст.
Чарогоҳҳои муваққатӣ — алафзори атрофи роҳҳои рамаронӣ, ки онро вақти ба чарогоҳҳои тобистонӣ тай кардан ва аз он ҷо овардани чорво ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд. Онҳо дар доманакӯҳ ва миёнакўҳҳои Точикистон чойгиранд.
Тадбирҳои беҳтар гардонидани чарогоҳҳо: ба навбат истифода кардани чарогоҳҳо, даравидани алаф ва нигоҳубини алафзор, нуриандозӣ, даравида партофтани алафҳое, ки чорво намехӯрад, нест кардани алафҳои бегона ва зарарнок, кишти растаниҳои хӯшадору лӯбиёиҳо, сихмола кардани чарогоҳ ва ғайра.
Моли майдаро дар чарогоҳҳои тобистонию мувақкатии чумҳури қариб 5 моҳ ва зимистон тақрибан 7 моҳ мечаронанд.
Базаи мустаҳками хўроки чорво шарти муҳими инкишофи чорводорист. Базаи хӯроки чорворо асосан аз ҳисоби васеъ намудани киштзори зироати хўроки чорво — барпо кардани чарогоҳҳои кишта инкишоф медиҳанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Моддаи 3. Қонуни ҶТ «Дар бораи чарогоҳ». Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 апрели 2017). 7 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Весь мир — | Список стран и карта(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Массовый отказ от мяса сможет спасти климат на Земле. Что тогда будет есть человечество? Бойгонӣ шудааст 14 май 2023 сол. // Лента.ру, 15 мая 2023
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чарогоҳ / А. Валиев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Синьковский Л. П. Валиев А. В. Опыт создания строновых запасов кормов на зимних пастбищах Таджикистана. Д., 1966;
- Юсуфбеков X. Значение и приемы залужения пустынных пастбищ западного Памира. Д.,1966;
- Валиев А. В. Пути улучшения пастбищ Таджикистана. Д., 1979.