Амударё

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Амударё
Оmudaryo
Ҳавзаи Амударё
Ҳавзаи Амударё
Сарчашма Панҷ, Вахш
Резишгоҳ дарёи Арал
Кишварҳои обгир Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон
Дарозӣ 1415 км

Амударё (порсӣ: آمودریا) — рӯдест дар Осиёи Марказӣ ки дар Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон равон аст ва резишгоҳи он дарёи Арал аст.

Сарчашмаи рӯди Амударё рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҳастанд, ки яке аз дарёжаи Зоркӯл дар сарзамини Тоҷикистон ва дигаре аз кӯҳсори Олой дар сарзамини Қирғизистон об мегиранд.

Дарозии ин рӯд 1415 км, паҳноварии ҳавзаи обхезаш 534 739 км², миёнгини гузашти обаш 2,525 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ ба кор меравад.

Решашиносии ном[вироиш]

Куҳантарин номи таърихии Амударё Вахш аст, ки бархоста аз вожаи «vaxšu-» (дар давраи эронии бостон) буда маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.

Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии Амударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.

Гетинигорони даврони исломӣ Ҷарёбро сарчашма медонистанд, ки акнун Панҷ номида мешавад ва саргаҳи он Вахоб хонда мешавад, ки аз Вахон ояд. Чунончи, нависандаи гумноми «Ҳудуд-ул-олам» дар фасли «Сухан андар рӯдҳо» мегӯяд: «Ва дигар рӯдест ӯро Харноб хонанд, аз мағриби кӯҳи Қасак биравад ва миёни Бадахшон ва Порғар андар Ҷайҳун афтад. Ва ин Харноб аз Ҷайҳун меҳтар аст, валекин ҳама ба Ҷайҳун бозхонанд аз баҳри он, ки Ҷайҳун аз раҳе дуртар равад»[1].

Ҷарёб бояд таҳрифе бошад аз вожаи Харвоб, ки онро Харбобу Харноб низ овардаанд: (порсӣ: جریاب <- خرناب <- خرباب <- خروآب). Аммо росту дурусташ бояд «Харвоб» (порсӣ: خروآب) бошад, зеро вожаи «харв» ва гунаҳои дигари он - «шарв», «шорв» ва «шор» - ба маънои «чашма, чашмасор; рӯди кӯҳӣ ё даргов» - ҳамакнун низ дар ҷойномҳои Муҷихарв дар Дарбанд, Сабзихарв, Ушхарв, Харвундо, Ҳидошор, Висхарв, Вишхарв, Пшихарв дар Дарвоз, Вишхарвак, Пошхарв, Рохарв, Техарв дар Ванҷ, Рошорву Ҳидошарв дар Рӯшон, Сохчарв, Миденшор, Пашор, Тишор, Дишор дар Шуғнон ва Абхарву Шитхарв дар Вахон зинда аст. Рӯди Панҷро дар Дарвозу Ванҷ «Оби Панҷ» ва дар Рӯшону Шуғнон «Панҷдарё» меноманд.

Амударё дар «Авесто» «vanhuyā daityayā» хонда шуда ва «daityayā» баргирифта аз «dātya» дар эронии бостон (имрӯз «дод» гӯем ба маънии «адл») ва баргардонаш «бар пояи доду адл» аст. «vanhuyā» лақабест сифатгуна ва имрӯз «беҳ» гӯем. Ин рӯдро дар «Авесто» «airyanǝm vaējō vanhuyā daityayā» номидаанд, ки дар порсии миёна ба «Эронвеҷ веҳ дод рӯд» баргардон шудааст ва сипас эрониён онро Веҳрӯд (Беҳрӯд) гуфтанд.

Аммо Аму бархоста аз номи амардҳо – бумиёнест, ки пеш аз кӯчидани ариёҳо дар канораҳои рӯди Вахш зиндагонӣ мекарданд ва сарзаминашонро Амард мехонданд, ки сипас Амуй гашт: порсии бостон «Amard» => порсии миёна «Amol» => порсии нав «آموی» (бар асари қоидаи табдили rd => l ва d => y дар забони порсӣ. Чунончӣ, ПБ «θard» => ПМ «sāl» => ПН «сол»; ПБ *baudah- => ПМ «bōy» => ПН «бӯй»).

Амуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи Марв ба Бухоро буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.

Арабҳо Вахшро «наҳр» ва «ҷайҳун» хонданд, ки ҳамон «рӯд» аст. Аз инҷост, ки Фарорӯдро «Мовароуннаҳр» (порсӣ: «ماوراءالنهر») ва Вахшро «Ҷайҳун» (порсӣ: «جیحون») ва Амуйро «Амул» (порсӣ: «آمل») номиданд ва барои бозшинохтанаш аз Амули Табаристон онро Амули Ҷайҳун (порсӣ: «آمل جیحون») ва Амули Шатт (порсӣ: «آمل الشط») низ навиштанд. Ногуфта намонад, ки Варазрӯд худ бозмонда аз «paradraya» дар порсии бостон аст.

Амулро муғулҳо вайрон карданд ва чанде пас вайронаҳояш Чаҳорҷӯй ном гирифт то ин ки туркманҳо Туркманободаш ном гузоштанд.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м. саҳ. 40

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]