Соли 2013
Солҳо |
---|
2009 · 2010 · 2011 · 2012 — 2013 — 2014 · 2015 · 2016 · 2017 |
Даҳаҳо |
1990-ум · 2000-ум — 2010-ум — 2020-ум · 2030-ум |
Садаҳо |
садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Соли 2013 (ду ҳазору сездаҳум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи сешанбе. Ин 2013 соли даврони ҳозир, 13 соли ҳазораи 3, 13 соли садаи XXI, 3 соли даҳаи 2 садаи XXI, 4 соли даҳаи 2010-ум.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 5 феврали соли 2013 — саршумории аҳолиии Тоҷикистон 8 000 700 танро ташкил намудааст, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ — 7 млн. 952 ҳазор нафар мусулмон ва 48 ҳазор нафар намояндагони дигар динҳо (ғайримусулмон) мебошанд.[1] Бойгонӣ шудааст 20 апрели 2013 сол.
- 21 феврал — Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ. Ин Рӯзи таърихӣ, соли 1999 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис дода шудааст. Нигаред: [2](пайванди дастнорас)
- 23 феврал — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Имрӯз, 23 феврали соли 2013 — 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Нигаред: [3] Бойгонӣ шудааст 20 Декабри 2014 сол.[4](пайванди дастнорас)
- 20 март- Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷилди дуввуми китоби бисёрҷилдаи Энсиклопедияи миллии тоҷикро ба нашр расонд. Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст.[1]
- 21 март — 24 март — ҷашнгирии иди Наврӯз (Иди байналмилалии Наврӯз) дар Тоҷикистон. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзҳои 21 март-24 март — Иди байналмилалии Наврӯз (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.10 с., № 611) эълон намудааст.[2] Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Маҷмаи умумӣ СММ соли 2010 онро ба ҳайси Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуд.
Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон — 21 март; Эрон — аз 20 то 23 март; Озарбойҷон — аз 20 то 26 март; Қазоқистон — аз 21 то 24 март; Туркманистон — аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбекистон — 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) — аз 20 то 23 март; Косово — 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[3]
- 21 июн — Дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шуд.
- 29 август — Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон, ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.
- 24 сентябр 6 ҳизби расмии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон [[2013}]] номзади худро пешбарӣ намуданд, ҳизби ҳокими ҲХДТ ва ҲСДТ анҷуманҳои ҳизбии худро моҳи октябр баргузор мекунанд. Нигаред: [5]
- 17 сентябр — дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар майдони 3 га бунёд ёфта аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад. Нигаред: [6]
- 1 октябр — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод. Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт.
- 6 ноябр — Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуд. Ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоиз, ба ҷонибдории номзадба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Аҳмадович 4,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон 3,8 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим 1,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар 1 фоиз ва ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз додаанд.
Мутобиқи маълумоти пешакии расмӣ шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи хеш додаанд.[7]
- 18 ноябр — дар ҷаласаи 37 — уми ЮНЕСКО феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2014—2015 тасдиқ гардид, ки дар ин миён 4 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон низ пазируфта шудааст. Ба феҳрасти ЮНЕСКО 3000 — солагии қалъаи Ҳисор, 700 — солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600 — солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100 — солагии Зиёдулло Шаҳидӣ шомил карда шуданд ва қарор шуд, ки ин ҷашну чорабиниҳо бо ширкати ин созмон таҷлил мегардад. Чаҳор таърихи таърихии Тоҷикистон дар феҳрасти ЮНЕСКО/Озодӣ
Зодрӯзҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2013
Даргузаштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2013
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2013 дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2014.
- ↑ Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021 сол.
- ↑ Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш. Нашрияи ДМТ. — 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
- ↑ http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/06/130621_mm_tajik_park_world_heritage.shtml
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2015.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 15 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2014.
- ↑ [https://web.archive.org/web/20131110011016/http://www.khovar.tj/elections/30493-intihobi-emomal1251-ra1203mon-ba-mansabi-prezidenti-to1207ikiston.html Бойгонӣ шудааст 10 ноябри 2013 сол. 7 ноябр/АМИТ «Ховар»]