Jump to content

Қаҳҳор Маҳкамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Каҳҳор Маҳкамов
Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов
30 ноябри соли 1990 — 31 августи соли 1991
Пешгузашта Вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Қадриддин Аслонов (и.в)
Раҳмон Набиев
парчам
9-умин Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
30 ноябри соли 1990 — 25 июни соли 1991
Пешгузашта Иззатулло Ҳаёев
Ҷонишин Вазифа барҳам хурд
12 апрели соли 1990 — 30 ноябри соли 1990
Пешгузашта М. С. Табаров
Ҷонишин Қадриддин Аслонов
парчам
11-умин Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
14 декабри соли 1985 — 4 сентябри соли 1991
Пешгузашта Раҳмон Набиев
Ҷонишин Шодӣ Шабдолов
парчам
7-умин Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
20 апрели соли 1982 — 4 январи соли 1986
Пешгузашта Раҳмон Набиев
Ҷонишин Иззатулло Ҳаёев

Таваллуд 16 апрел 1932(1932-04-16)
Даргузашт 8 июн 2016(2016-06-08) (84 сол)
Душанбе, Тоҷикистон
Мадфан қабристони Сариосиё, Душанбе
Ном ҳангоми таваллуд Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович
Ҳамсар Гавҳар Шукриятовна
Фарзандон духтар ва писар
Ҳизб КПСС (1957—1991)
Таҳсилот
Эътиқод ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Қаҳҳор Маҳкамов (Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов; 16 апрели 1932, Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС8 июни 2016, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими сиёсӣ ва давлатии ИҶШС ва Тоҷикистон, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (19821986 ва 19901991), Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (19851991), Узви Бюрои ҳизбии КМ ҲКИИ (19901991), Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990), аввалин ва охирин президенти ҶШС Тоҷикистон (19901991).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳҳор Маҳкамов 16 апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1953 Институти кӯҳии Ленинградро хатм карда ҳамон сол ба ҳайси сардори яке аз қисматҳои шахтаи трести «Таджикуголь» дар Шуроб ба кор даромадааст. Минбаъд дар вазифаҳои гуногун кор карда сардори шахта гардидааст. Аз соли 1963 то соли 1982 аввал Раиси Госплан ва сипас ҷонишини Раиси Шӯрои Олии Вазирони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ба мақсади рух додани хунрезӣ Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафта, Қадриддин Аслонов вазифаи иҷрокунандаи президентро ба уҳда гирифт ва фармонро оид ба манъ намудани фаъолияти ҳизби коммунистӣ интишор намуд.

Фаъолияти ҳизбию давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1957 ӯ узви Хизби коммунистӣ (ҲК ИҶШС) шуда аз соли 1961 дар вазифаи Раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод то с. 1963 фаъолият кардааст. С 1963 ба вазифаи Раиси Госплани ҶШС Тоҷикистон таъйин шуд ва аз соли 1965, инчунин, муовини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Қаҳҳор Маҳкамов минбаъд ҳамчун Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (19821986), Котиби якӯми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии ҶШС Тоҷикистон (19851991), Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990), аввалин президенти Тоҷикистон (19901991) адои вазифа намудаастӣ. Баъди воқеаҳои тезутунди сиёсии Тоҷикистон (1990 - 1991) ба истеъфо баромада, якчанд муддат бо соҳибкорӣ машғул буд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), ҳамчун вакили доимии парлумон ва намояндаи Тоҷикистон дар АврАзЭС кор мекард. Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар Душанбе вафот кардааст.