Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ёсир Арафот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёсир Арафот
ар. ياسر عرفات
3-умин Раиси Комитети иҷроияи Ташкилоти озодибахши Фаластин
3 феврали 1969 11 ноябри 2004
Пешгузашта Яҳё Ҳаммуд
Ҷонишин Маҳмуд Аббос
парчам
1-умин Роҳбари ҳаракати миллии Фаластин
5 июли 1994 11 ноябри 2004
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Маҳмуд Аббос

Таваллуд 4 август 1929(1929-08-04)[1][2]
Қоҳира, Шоҳигарии Миср
Даргузашт 11 ноябр 2004(2004-11-11)[3][4][5][…] (75 сол)
Оромгоҳ
Ном ҳангоми таваллуд ар. محمد ياسر عبد الرحمن عبد الرؤوف عرفات
Падар Abdel Raouf al-Qudwa al-Husseini[d]
Модар Zahwa Abul Saud[d]
Ҳамсар Suha Arafat[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Дин суннӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Рутба фармондеҳи кулл[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ёсир Арафот (ар. ياسر عرفات‎; 24 августи 1929, Қоҳира — 11 ноябри 2004, Порис), номи пурра ба ҳангоми таваллуд — Муҳаммад Абдурраҳмон Абдуррауф Арафот ал-Қудва ал-Ҳусайнӣ (ар. محمد عبد الرحمن عبد الرؤوف عرفات القدوة الحسيني), ҳамчунин маъруф бо куняи Абуаммор (ар. أبو عمّار) — ходими сиёсӣ, роҳбари (президенти) ҳаракати миллии Фаластин аз соли 1993, раҳбари ҳаракати ФАТҲ ва раиси Комитети иҷроияи Ташкилоти озодибахши Фаластин (ТОФ) (аз соли 1969); яке аз барандаҳои Ҷоизаи Нобел, (Ҷоизаи Нобелӣ барои Сулҳ) дар соли 1994.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1948 — 1956 дар факултаи муҳандисии Донишгоҳи Қоҳира хондааст. Иштирокдори ҷанги арабу Исроил дар соли 1948. Соли 1952 дар Миср Лигаи донишҷӯёни фаластиниро таъсис дод. Ҳангоми бӯҳрони Суэс (1956) командири дастаи фаластинии тахрибӣ буд. Яке аз поягузорон (1959) ва роҳбари доимии ҳаракати фаластинии АЛ-ФАТҲ, ки ҳадафаш муборизаи мусаллаҳона бар зидди Исроил барои бунёди давлати мустақили Фаластин аст. Аз феврали 1969 раиси Комитети иҷроияи Ташкилоти озодибахши Фаластин (ТОФ). Соли 1974 ғояи ташкили давлати Фаластинро дар ҳудуди ишғолкардаи Исроил аз соҳили ғарбии дарёи Урдун ва ҳамзамон барқарории сулҳ миёни Фаластину Исроил ба миён гузошт, ки аз тарафи бисёр давлатҳои ҷаҳон эътироф гардид. Апрели 1989 Президенти давлати Фаластин эълон гардид. 4 майи 1994 бо Исроил дар бораи барқарор намудани мухторияти Фаластин дар қисмати Ғаззаҳ ва қисмати ғарбии дарёи Урдун созишнома ба имзо расонд. Аз соли 1996 роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин. Дорандаи Мукофоти сулҳи Нобел (1994).