Jump to content

Абдураҳмон Абдуманнон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдураҳмон Абдуманнонов)
Абдурраҳмон Абдуманнонов
Таърихи таваллуд 6 апрел 1947(1947-04-06) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бӯстонлиқ, ҶШС Ӯзбекистон
Фазои илмӣ адабиётшиносӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1968)
Ҷоизаҳо
Ордени Шараф
Ордени Дӯстӣ
Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994)

Абдурраҳмон Абдуманнон (Абдураҳмон Абдуманнонов; тав. 6 апрели 1947, ноҳияи Бӯстонлиқ, ҶШС Ӯзбекистон) — адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдураҳмон Абдуманнонов 6 апрели соли 1947 дар деҳаи Боғистони вилояти Тошканд ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳа хатм намуда, соли 1968 шуъбаи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Солҳои 1968—1972 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи улуми ИҶШС будааст. Дар ин миён, аз ноябри 1968 то декабри 1969, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1973 дар мавзӯи «Маликушшуаро Баҳор ва анъанаи қасидасароӣ дар адабиёти форсӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз он вақт то имрӯз дар идораву вазифаҳои гуногун адои вазифа дорад. Аз ҷумла, солҳои 1973—1975 корманди илмии Институти шарқшиносии АИ ҷумҳурӣ, солҳои 1975—1978 мудири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, солҳои 1979—1990 ходими калони илмӣ ва муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз апрели 1991 то марти 1998 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз марти 1998 то ноябри 2005 мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва Шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, солҳои 2005—2010 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ будааст. Аз соли 2010 котиби масъули АМИТ «Ховар» мебошад.

Муаллифи китобу рисолаҳои илмии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ.1, 1984; дар ҳаммуаллифии Холиқ Мирзозода ва Атахон Сайфуллоев, «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987; дар ҳаммуаллифии Хуршеда Отахонова ва Ҳамроқул Шодиқулов), «Нуқтаи назар» (маҷмӯаи мақолаҳо; 1990), «Пиндорҳо ва ингорҳо» (маҷмӯаи мақолаҳо ва шеърҳо; 2006) ва ғ. мебошад. Қариб дусад мақолаву тақризаш дар матбуоти ҷумҳурӣ, нашрияҳои гуногуни Маскав, Алмаато ва Тошканд оид ба ҷанбаву масъалаҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ интишор ёфтаанд. Асарҳои С.Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта» (роман, 1984), О.Ёқубов «Виҷдон» (роман, 1984), Элчин «Ишқи аввали Балададаш» (қиссаву ҳикояҳо, 1986), Б.Василйев «Субҳи ин ҷо сокит аст» (қисса, 1988), Ю.Збанатский «Хорпушти олиҳиммат» (ҳикояҳо, 1988) ва намоишномаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ «Падаркуш» (аз туркӣ, 1996)-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳикояҳои алоҳидаи А. П. Чехов, Ӯ.Ҳошимов, Т.Пӯлодов, Анорро тарҷума кардааст, ки дар китобҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврӣ чоп шудаанд. Намунаҳои осори Ҳофиз, Ҷомӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ, Ашӯр Сафар, Мастон Шералӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳабибулло Ғойиб, Зиё Абдулло ва дигаронро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷумаи таҳтуллафз кардааст. Барои китоби «Пиндорҳо ва ингорҳо» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2007) гардидааст.

  • Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994);
  • Ордени «Шараф» (2003);
  • Ордени «Дӯстӣ» (2005);
  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2007);
  • Медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011).[1]
  • Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика (2024)[2]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 23-24 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 30 августи 2024 санҷида шуд.