Абдурофеъ Рабиев
Абдурофеъ Рабизода (Рабиев) | |
Тахаллусҳо: | Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ, Шераки Ориён |
Таърихи таваллуд: | 7 ноябр 1951 (73 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Бохтар, ҶШС Тоҷикистон Иттиҳоди Шӯравӣ |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, рӯзноманигор, филмноманавис |
Солҳои эҷод: | аз соли 1980 |
Самт: | реализм |
Жанр: | публисистика, сенария, ҳикоя, |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: | ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ду Гран при ва як Ҷоми Лоҷувард |
Ҷоизаҳо: | ордени «Шараф» дараҷаи 2 |
Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён; зод. 1951, ноҳияи Кушониён) — рӯзноманигор, нависанда ва филмноманависи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдурофеъ Рабизода 7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба дунё аст. Соли 1975 бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷиики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин-ро хатм намудааст. Ду сол мухбири суратгири рӯзномаи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент, солҳои зиёде ҳамчун муҳаррири шуъбаи адабии радиои Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳаррири Киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст. Солҳои 1983—1986 дар Мактаби олии кинематографияи (синамогарии) шаҳри Москва таҳсил намудааст. Чанд муддат дар Киностудияи «Тоҷикфилм» ба сифати филмнигор (сенариянавис) фаъолият дошт. Солҳои 1992—2001 сарварии Иттиҳодияи адибони водии Зарафшон ба зиммааш буд. Соли 1999 ба рӯзномаи «Садои мардум» ба кор гузашт ва то соли 2007 ба сифати хабарнигор, мудири шуъба ифои вазифа намуд.[1]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғ. эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби банашррасида (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то ба русӣ), 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намойиш гузошта, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд. Филмномаҳои ӯ «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чил-меҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» ва ғ. ба тасвири рӯзгори ибратбахши адибону ҳунармандони кишварамон ихтисос ёфтаанд. Ҳамчунин, таҳиягар (режиссёр)-и як миқдор филмҳо, монанди «Помпейи Машриқзамин», «Чакомаи дарахт», «Асрори тоқиҳои Варорӯд», «Зиндагиномаи як инсон» ва ғ. мебошад. Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупойӣ ("Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ) ва як қатор мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шудаанд. Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.
Абдурофеъ Рабизода нависандаи сермаҳсул аст. Асарҳояш бо забонҳои гуногуни олам-англисӣ, испанӣ, арабӣ, японӣ, франсавӣ, булғорӣ, олмонӣ, чинӣ, ҳинду ва забонҳои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр шуда, сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ду Гран при ва як Ҷоми Лоҷувард гардидаанд. Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Komusi-Sadoi-mardum
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — С. 183 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 7 ноябр
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Бохтар
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Адибон аз рӯи алифбо
- Зодагони Тоҷикистон
- Адибони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Сенариянависони синамои Тоҷикистон
- Нависандагон аз рӯи забон