Jump to content

Абуисо Муҳаммади Тирмизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуисо Муҳаммади Тирмизӣ
араб. ар. الترمذی, محمد بن عيسى
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, ҳуқуқдон, имом
Таърихи таваллуд: 825[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 892[3][4]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: илми ҳадис
Ҷойи кор: Тирмиз
Устодон: Муҳаммад Бухорӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Абу Довуди Сиҷистонӣ[d] ва Al-Darimi[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ (ар. أبو عيسى الترمذي‎; 824, Тирмиз — 892, Шеробод) — донишманди ислом, гирдоварандаи ҳадис ва фақеҳи форс-тоҷик, муаллифи «Ҷомеъу-с-саҳеҳ» («Сунани Тирмизӣ»).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи комил: Муҳйиуддин Бузург Абуисо Муҳаммад ибни Мусо ибни Савра ибни Мусо ибни Заҳҳоки Зарифии Тирмизӣ.

Соли 824 дар деҳаи Буғ (ҳоло Шеробод)-и тобеи шаҳри Тирмиз ба дунё омадааст. Аслаш форс мебошад. То синни 26-солагӣ ба омӯзиши улуми динӣ, аз ҷумла назди Имом Бухорӣ (810—870), машғул буд. Минбаъд бо мақсади идомаи таҳсил дар талаби илм ба гӯшаҳои гуногуни Хилофати Араб сафар карда, доираи дониши хешро васеъ гардонид. Дар аснои сафар бо бисёр донишмандони маъруфи замона шиносоӣ пайдо кард. Ҳадисҳои наве ҷамъ овард, ки дар маҷмӯаҳои то он замон мураттабгардида дучор намеомаданд. Дар охири умр нобино шуд, аз ин рӯ, гоҳе бо лақаби «Зарир» низ ёд мешавад. Мазори Имом Тирмизӣ дар деҳаи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруф ва машҳур аст.

Сунани Тирмизӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмӯаи ҳадисҳои ҳамноми асари имом Бухорӣ «ал-Ҷомеъу-с-саҳиҳ» ("Сунани Тирмизӣ ") таълиф намуда, дар он кори оғозкардаи Имом Бухорӣ — таснифи ҳадисҳоро аз рӯи қоидаи «мусаннаф», яъне мувофиқи мавзӯъ, ба анҷом расонд.

Имом Тирмизӣ инчунин китобҳои «ал-Илал», «Таърих», «аш-Шамоилу-н-набавийя», «Зуҳд» ва ғайра навиштааст.

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Deutsche Biographie (нем.)München BSB, Historische Kommission bei der Bayerischen Akademie der Wissenschaften, 2001.
  3. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  4. https://datos.bne.es/resource/XX5453903 (исп.): El portal de datos bibliográficos de la Biblioteca Nacional de España — 2011.
  • Али-заде, А. А. Тирмизи Мухаммад : [арх. 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.