Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ
араб. ар. الترمذی, محمد بن عيسى
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, ҳуқуқдон, имом
Таърихи таваллуд: 825[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 892[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: илми ҳадис
Ҷойи кор: Тирмиз
Устодон: Муҳаммад Бухорӣ, Muslim ibn al-Ḥajjāj[d], Абу Довуди Сиҷистонӣ[d] ва Al-Darimi[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Commons-logo.svg Викианбор  
Wikidata-logo S.svg Вироиши Викидода

Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ (ар. أبو عيسى الترمذي‎; 824, Тирмиз892, Шеробод) — яке аз 6 муҳаддиси муътабари суннӣ. Муаллифи як қатор китобҳо дар ҷанбаҳои мухталифи дини Ислом.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи комил: Муҳйиуддин Бузург Абуисо Муҳаммад ибни Мусо ибни Савра ибни Мусо ибни Заҳҳоки Зарифии Тирмизӣ.

Соли 824 дар деҳаи Буғ (ҳоло Шеробод)-и тобеи шаҳри Тирмиз ба дунё омадааст. Аслаш форс мебошад. То синни 26-солагӣ ба омӯзиши улуми динӣ, аз ҷумла назди Имом Бухорӣ (810–870), машғул буд. Минбаъд бо мақсади идомаи таҳсил дар талаби илм ба гӯшаҳои гуногуни Хилофати Араб сафар карда, доираи дониши хешро васеъ гардонид. Дар аснои сафар бо бисёр донишмандони маъруфи замона шиносоӣ пайдо кард. Ҳадисҳои наве ҷамъ овард, ки дар маҷмӯаҳои то он замон мураттабгардида дучор намеомаданд. Дар охири умр нобино шуд, аз ин рӯ, гоҳе бо лақаби «Зарир» низ ёд мешавад. Мазори Имом Тирмизӣ дар деҳаи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруф ва машҳур аст.

Сунани Тирмизӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмӯаи ҳадисҳои ҳамноми асари имом Бухорӣ «ал-Ҷомеъу-с-саҳиҳ» («Сунани Тирмизӣ ») таълиф намуда, дар он кори оғозкардаи Имом Бухорӣ – таснифи ҳадисҳоро аз рӯи қоидаи «мусаннаф», яъне мувофиқи мавзӯъ, ба анҷом расонд.

Имом Тирмизӣ инчунин китобҳои «ал-Илал», «Таърих», «аш-Шамоилу-н-набавийя», «Зуҳд» ва ғайра навиштааст.

Бузургдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Собиқ Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ гузошта шуда буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://portal.dnb.de/opac.htm?method=simpleSearch&cqlMode=true&query=nid%3D118997599
  2. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. https://datos.bne.es/resource/XX5453903 (исп.): El portal de datos bibliográficos de la Biblioteca Nacional de España — 2011.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Али-заде, А. А. Тирмизи Мухаммад : [арх. 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Шаблон:Шахс-нопурра