Jump to content

Абусаъди Самъонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаъди Самъонӣ
араб. ар. عبد الكريم بن مُحمَّد بن منصور بن عبد الله التميمي السمعاني المروزي الشافعي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муаррих, адиб, фақеҳ, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 9 феврал 1113(1113-02-09)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 декабр 1166[1] (53 сол)
Маҳалли даргузашт:
Самти фаъолият: таърих, таборшиносӣ[d], филология, фиқҳ ва илми ҳадис
Ҷойи кор: Марв ва Бағдод
Устодон: Ибни Асокир[d], Исмоили Исфаҳонӣ, Yahya ibn Sa'dun[d], Yusuf bin Tahir al-Khoei[d] ва Ali ibn Abd al-Rahman al-Suri[d]
Осор:
Вироиши Викидода

Абусаъд Абдулкарим ибни Муҳаммади Самъонӣ (9 феврал 1113, Марв26 декабр 1166[1], Марв[2]) — ҳофизи Қуръон, муҳаддис, фақеҳи шофеъӣ, адиб ва таърихнигори барҷастаи хуросонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самъонӣ аз хонадони арабҳои муҳими Марв буд. Падараш (Абӯбакр) Самъонии сесоларо барои таҳсил ба шаҳри Нишопур бурд ва ӯ дар он ҷо маълумоти кофӣ гирифт. Самъонӣ бештарини умрашро барои ҷамъ кардани ривоятҳо ва маълумотҳои таърихию географӣ сарф кардааст. Ӯ ба Бағдод, Ҳалаб, Димишқ, Байтулмуқаддас, Ҳиҷоз, Хорезм, Бухоро, Исфаҳон, Куфа, Басра ва ғайра сафар кардааст. Ин сафарҳо барои навиштани асарҳои илмӣ ба Самъонӣ ёрӣ расонданд. Солҳои 1155—1157 Самъонӣ дар Марв зиндагӣ карда, соҳиби унвони раиси шаҳр ва навоҳии он гардида, инчунин дар Мадраса дарс медодааст. Вале машғулияти асосии ӯ дар ин давра мураттаб сохтани маълумотҳои дар сафар ҷамъкардааш буд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо Самъонӣ доир ба таърихи шаҳрҳои Бағдод, Марв, тарҷумаи ҳоли шайхҳо ва олимон 49 асар навиштааст. То замони мо фақат номи асарҳо омада расидаанд, ба истиснои «Китобу-л-ансоб».