Jump to content

Алайун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алайун — (Jnula helenium), занҷабуя, сабадсарак, гиёҳест бисёрсола. Пояаш рости пашмакдор, 60 – 250 см қад мекашад. Барги бехи пояаш калони паршакл (дарозиаш то 50 см, бараш 15 – 25 см), думчадароз, баргҳои мобайнӣ байзашакли нӯгтез, баргҳои болоӣ нештаршакл. Гулаш зарди забончашакл ва найчамонанд. Моҳҳои май – июл гул карда, июн – июл мева мебандад. Дар лаби ҷӯйборҷӯйҳо, соҳили дарёҳо, марғзори серрутубат, нишебиҳои хокию регзори кӯҳ, шағалзамин, қаъри ҷариҳо ва минтақаи бешазор мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар мавзеъҳои Сирдарё, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ (дар баландии 700 – 1900 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад. Табибони қадими Тибет, Ҳиндустон ва Хитой алайунро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебурданд. Ҷолинус низ аз хосияти шифобахшии алайун ёдовар шудааст. Абуалии Сино алайунро давои тақвиятбахши дил ҳисобидааст (илтиҳоби асаби сурин ва буғумдардро табобат мекард). Агар алайунро бо асал омехта лесанд, балғамро хориҷ месозад. Ҷӯшоби решаи алайун, хусусан шираи он, пешоб ва ҳайзро меронад. Алайун барои рафъи ҳама гуна омосу варамҳо судманд аст. Абуалӣ Сино дар «Ал-Воҳия» овардааст, ки алайун давои сардард, зиқи нафас ва киҷҷарон мебошад. Мувофиқи маълумоти «Махзан-ул-адвия» алайун ба дил қувват мебахшад, ҳазми хӯрок ва шаҳватро беҳтар мегардонад, ба масона таъсири хуб мерасонад. Алайун барои молихулё, қабзияти ҷигар ва испурҷ, дарди буғумҳо, варами пай, ишиас нофеъ аст. Истеъмоли ҷӯшоби алайун чакмезакӣ, ҷогаҳмезӣ ва қабзияти ҳайзро рафъ месозад. Агар 1 дирҳам (3,12 г) талқони алайунро бо асал омехта лесанд, сулфа ва зиқи нафасро шифо мебахшад.Табибони халқӣ ҷӯшоби реша ва решапояи алайунро барои муолиҷаи иллати узвҳои ҳозима, сили устухон, пайвандак, зардпарвин, обхӯра, бавосир, қабзияти роҳи нафас ва чун омили иштиҳоовар, рафъсозандаи халаву боди рӯда, пешоброн, талхарон, киҷҷарон ва балғамовар тавсия медиҳанд. Дар тибби муосир решаи алайунро ҳангоми қабзият ва сили шуш, чун доруи балғамовар ва талхаву пешоброн истифода мебаранд. Бо алайун касалиҳои пӯст (экзема, шукуфа, хоришак)-ро низ муолиҷа мекунанд.

  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.