Ансамбли рақсии «Гулрез»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ансамбли рақсии «Гулрез» - дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ) мебошад. Ансамбли рақсии «Гулрез» дар пойтахти Тоҷикистон ш. Душанбе ҷойгир аст.

Таърих[вироиш]

Ансамбли рақсии «Гулрез» моҳи ноябри соли 2000 дар наздиКумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ) ташкил шуд. Нахуст роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбл Ҳунарпешаи халқии Қароқалпоқистон Ҷамила Охунова (солҳои 2000 – 2003) буд. Аъзоёни ансамбл аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки бо тариқи озмун қабл шуда буданд, иборат буд. Муддати зиёда аз 2,5 сол омӯзиши рақс ва таҳияи рақсҳо барои репертураи аввалини ансамбл, дарёфти сару либоси хос ба рақсҳои таҳияшуда ва ҳамчунин дигар лавозимоти зарурӣ давом кард, ки ансамбл рӯи саҳнаи ҳунар ояд. Ниҳоят 4 апрели соли 2003 дар саҳнаи театри опера ва балет нахустнамоиши барномаи ансамбл пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Барномаи аввалини ансамбл аз рақсҳои тоҷикӣ, ретро, арабӣ, хоразмӣ иборат буд. Дар намоиши аввалини ансамбл, ки бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар фазои тантанавӣ ба ансамбл аз ҷониби Ҷаноби Олӣ номи «Гулрез» дода шуд. Мақсади ташкил намудани ансамбл аз як ҷониб зарурати фарҳангии кишвар бошад, аз тарафи дигар тарғибу ташвиқи рақси миллии тоҷикӣ аст. Нахуст сафари ҳунарии ансамбл ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2004 дар фестивали ҳунарии давлатҳои узви ҳамкориҳои Шанхай буд. Соли 2005 дар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ҳамчунин рӯзҳои Тоҷикистон дар шаҳри Парижи Фаронса бо барномаи калони ҳунарӣ иштирок дошт. Ансамбл дар солҳои 2006 Чин, 2007 Пекин, Москва (Русия), Бишкек (Қириғизистон), Алмаато ва Остона (Қазоқистон), 2008 Боку, Охсу (Озорбойҷон), Минск ва Волководск (Белорусия), Деҳлӣ ва Бангалор (Ҳиндустон), 2003 Туркманобод (Туркманистон), солит 2011 Москва ва Санкт – Петербург (Русия), 2012 Сеул (Кореяи Ҷанубӣ), 2013 Ашқобод (Туркманистон) ва 2014 Санкт – Петербург (Русия) сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Солҳои 2004 – 2005 дар ансамбл ҳунарпеша Фароғат Саидова ва Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Зебо Аминзода низ роҳабрӣ кардаанд. Аз охири соли 2005 то ҳозир ансамблро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Имомалӣ Раҳониён роҳабрӣ мекунад. Ҳунарпешаҳои ансамбл ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Наргис Ҳасанова, ҳунарпешаҳо Зайнаб Баротова, Клара Грузинова, Меҳрубон Азизӣ, Шаҳноз Ҳамидова, Абригул Навҷувонова, Маҳина Абдуллоева, Таҳмина Мирзоева ва дигар фаъолони ансамбл буда, барои рушд ва таҳияи барномаҳои нав саҳми арзанда доранд. Ансамбли «Гулрез» соли 2005 бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 ансамбли беҳтарини рақсии сол, соли 2012 бо ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.[1]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Ансамбли эстрадии «Ориё»