Асадулло Ғуломов
Асадулло Ғуломов | |
|---|---|
| 1 декабри 2006 — 3 августи 2011 | |
| 2003 — 2006 | |
| Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
|
|
|
| Таваллуд |
28 феврали 1954 ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
| Даргузашт | 2 августи 2011[1] (57 сол) |
| Ҷоизаҳо |
Корманди шоистаи Тоҷикистон |
Асадулло Ғуломов (28 феврали 1954, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 3 августи 2011, Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Асадулло Ғуломов 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 13-и трести «Кӯлобселстрой» оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии № 27, сардори Идораи сохтмонии № 17, сардори трести «Тоҷикхимстрой»-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.
Солҳои 1995—2001 муовини аввали Раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон» ва солҳои 2000—2003 ба сифати раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 2003—2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. 3 августи соли 2011 Асадулло Ғуломов вафот кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени Шараф дараҷаи 1 ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 28 феврал
- Зодагони соли 1954
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Даргузаштагони 2 август
- Даргузаштагони соли 2011
- Дорандагони ордени Шараф
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бе тасвир дар Викианбор
- Вазирони Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон