Астуриас Мигел Анхел
Астуриас Мигел Анхел | |
|---|---|
| исп. Miguel Ángel Asturias Rosales | |
| | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | исп. Miguel Ángel Tejada Peñuela |
| Таваллуд |
19 октябр 1899[1][2][3][…] |
| Даргузашт |
9 июн 1974[1][5][6][…] (74 сол) |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | шоир, нависанда, диплумот, рӯзноманигор, сиёсатмадор, шоири вакил, тарҷумон, вакил |
| Забони осор | испониёӣ[1][7] |
| Ҷоизаҳо | |
Астуриас Мигел Анхел (19.10.1899, Гватемала — 09.06.1974, ҳамон ҷо) — нависанда, драматург ва дипломати Гватемала. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Гватемала (1923). Солҳои 1923—1933 берун аз ватан дар Лондон, Париж зиндагӣ кардааст. Ба ҷараёни адабии сюрреализм майл намуд. Солҳои 1940—1954 чун дипломат дар Мексика, Аргентина, Фаронса, Салвадор, 1966—1970 чун сафир дар Фаронса кор кардааст. Соли 1930 дар Париж китоби Астуриас бо номи «Қиссаҳои Гватемала» ба табъ расид, ки дар заминаи эҷодиёти шифоҳии мардум офарида шудааст. Дар романи «Ҷаноби Президент» (1933) тарзи ҳукмронии диктатуриро маҳкум намудааст. Соли 1949 романи «Одамҷуворӣ»-ро ба табъ расонд. Асари сегонаи Астуриас — «Боди шадид» (1950), «Падари сабз» (1954), «Чашмони майитҳо» (1960), ки аз тақдиру қисмати халқи Гватемала дар садаи XX қисса мекунад, саршор аз ғояҳои миллӣ-озодихоҳӣ мебошад ва ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ба Астуриас романи «Зани дунажода» (1964) ва китоби ривоятҳо «Оинаи Лида Сол» (1967) тааллуқ доранд. Эҷодиёти Астуриас ифодагари ормонҳои мардуми таҳҷоии Гватемала — ҳиндиёни майя ва эҷодиёти шифоҳии онҳо мебошад. Дар осори Астуриас устураҳои ҳиндиҳо бо воқеияти муосир омезиш дода шуда, тасвир ёфтаанд. Астуриас бо Ҷоизаи байналмилалии ленинӣ «Барои таҳкими сулҳи байни халқҳо» (1966) ва Мукофоти Нобел (1967) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Уикэнд в Гватемале. Москва, 1958;
- Избранные произведения. Т. 1˗2. Москва, 1988;
- Юный владетель сокровищ. Повесть//Легенды Гватемалы. Москва, 1999.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ Discogs(англ. амр.) — 2000.
- ↑ Астуриас Мигель Анхель // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa401459/miguel-angel-asturias (порт.) — São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Астуриас Мигел Анхел / А. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Мигель Анхель Астуриасоли Биобиблиографический указатель. Москва, 1960.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Википедия:Статьи с нераспознанным языком (ref)
- Зодагони 19 октябр
- Зодагони соли 1899
- Даргузаштагони 9 июн
- Даргузаштагони соли 1974
- Даргузаштагони Испания
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо