Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афсонáк (лот. Thermópsis alpina ), мастӣ, мия — як навъ гиёҳест худрӯйи заҳрнок (аз ҷинси мастак), авлоди рустаниҳои бисёрсола, мансуби лӯибиёиҳо. Пояаш рост (10–30 см қад мекашад), серпашмак. Баргаш мураккаб (дарозиаш 3–8 см; думчааш кӯтоҳ – 3–8 мм), аз 3 баргча иборат аст; баргчааш байзашакл (дарозиаш 2–5 см, бараш 0,8–2 см), серпашмак. Гулаш зард (моҳи июн мешукуфад). Ғилофакаш 3–4-тухма (дарозиаш 2–6 см, бараш 1,2–1,8 см); тухмаш гурдашакл, сиёҳтоб. Афсонак гиёҳи бисёрсола буда, маъмулан, дар нишебҳои санглохи баландкӯҳ (Помири Шарқӣ, 3900–4500 метр аз сатҳи баҳр) нумӯ мекунад. Чорво афсонаки тару тозаро намехӯрад. 20 намуди он дар Ҳимолой , Амрикои Шимолӣ ва дар Русия (6 намудаш дар Сибири Шарқӣ ) Дар минтақаи алъпии ноҳияҳои Помири Шарқӣ, Ҳисору Дарвоз , Зарафшону Тоҷикистони Ҷанубӣ ду намуди Афсонак (Thermopsis dolichocarpa alpina) вомехӯрад.
Намудҳои Афсонак аз сабаби термопсин, тситизинЮ пахикарпин барин алкалоидҳо доштанашон заҳрноканд. Аз барг , поя , тухм ва решаи Thermopsis dolichocarpa алкалоидҳои термопсин, тситизин ва пахикарпин, кислотаҳои органикӣ мегиранд. Ҷӯшоб ва ҷавҳари Афсонак дар тиб чун воситаи балғамовар истифода мешавад.
Афсонак дар солҳои камалафӣ мумкин аст боиси заҳролудии чорво гардад. Аломатҳои заҳролудӣ: чорво ноором, нафаскашиаш тез, пойҳои ақибаш нимфалаҷ мешаванд, ба зудӣ аз нафастангӣ (дар натиҷаи фалаҷ гардидани узвҳои нафаскашӣ) ҳалок мегардад. Дараҷаи заҳрнокии афсонак асосан ба алкалоидҳо (термопсин, пахикарпин, ситизин, алпин, аргентин ва ғайра)-и таркиби он вобаста аст. Баргу пояи афсонак (айёми ғунчабандӣ) 1,5–2% алкалоид дорад. Алкалоидҳои афсонак ба асаб ва мағзи сар таъсир карда, онҳоро зуд фалаҷ мегардонанд. Дар афсонак як миқдор дигар моддаҳои ҳаётан фаъол (гликозидҳо, сапонинҳо, флаваноидҳо, кислотаҳои органикӣ ва ғайра) низ ҳастанд. Пахикарпин ва ситизин барои тайёр кардани чандин дору истифода мешаванд. Афсонакро дар тиб низ истифода мебаранд. Моддаи таъсирбахши он алкалоидҳо мебошанд. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи афсонак барои нест кардани киҷҷа, табобати грипп, бронхитҳо, пневмония тавсия мешавад. Чойи гулҳои хушкондаи он давои сурфаи сахт аст.[ 2]
Иконников С. С. Определитель растений Памира. Д., 1963;
Синьковский Л. П., Сидоренко Г. Т. Основные ядовитые и вредные растения пастбищ и сенокосов Таджикистана. Д., 1968;
Флора Таджикской ССР. Т. 5. Л., 1978.