Jump to content

Аҳмад Масъуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмад Масъуд
дарӣ: احمد مسعود
аз июли соли 2021
Ҳамроҳ бо Амруллоҳ Солеҳ,
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ
Президент Амруллоҳ Солеҳ (и. в.)
Раиси кулли Бунрёди Масъуд
аз соли 2016

Таваллуд 10 июл 1989(1989-07-10)[1] (35 сол)
Падар Аҳмадшоҳи Масъуд
Ҳизб Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон
Таҳсилот
Касб низомӣ ва дипломат
Эътиқод Ислом (ҳанафимазҳаб)
Хидмати сарбозӣ
Солҳои хидмат аз соли 2019
Мансубият Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон
Парчами Афғонистон (2013–2021) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (пештар)
Навъи артиш пиёданизом[d]
Рутба Ҷангсолор
Фармондеҳӣ Муқовамати Панҷшер
Набардҳо
Фаъолияти илмӣ
Фазои илмӣ улуми низомӣ ва умури низомӣ
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳмад Масъуд (дарӣ: احمد مسعود; зод. 10 июл 1989[1], вилояти Панҷшер, Ҷумҳурии Демократии Афғонистон[2]) — сиёсатмадори тоҷиктабори афғонистонӣ, писар ва вориси фармондеҳи саҳроӣ Аҳмадшоҳи Масъуд, ки бо муборизаи муваффақонаи худ аввал бо сарбозони шӯравӣ ва сипас бо «Толибон» маъруф буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмад Масъуд 10 июли 1989 дар Пиюи вилояти Тахор, дар шимолу шарқи Афғонистон дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст.[3]

Пас аз хатми мактаби миёна дар Эрон, Масъуд як сол дар курсҳои низомии Академияи ҳарбии шоҳӣ дар Сандҳерст таҳсил кард.[4] Солҳои 2012—2015 дар кафедраи омӯзиши низомии Коллеҷи салтанатии Лондон таҳсил кардааст. Соли 2016 дар Донишгоҳи шаҳрии Лондон дараҷаи магистр дар сиёсати байналмилалиро соҳиб гашт[5][6][7].

Дар соли 2016, Масъуд ба Афғонистон баргашт ва мудири Бунёди Масъуд таъйин шуд[8][9]. Аз моҳи марти соли 2019, Масъуд расман ба сиёсат ворид шуд[10][11][12][13].

Ӯ идеяи падари худро дар бораи модели швейтсарии муносибатҳои дохилии қудрат дар Афғонистон ҷонибдорӣ карда, изҳор дошт, ки ғайримарказикунонии ҳукумат боиси тақсими самараноки захираҳо ва ваколатҳо мегардад ва ба ин васила шукуфоӣ ва субот меорад[14][15][16].

Дар соли 2021, дар пасманзари пешрафтҳои низомии Толибон, Масъуд дар шимоли Афғонистон Муқовимати Панҷшерро таъсис дод, ки эътилофи шӯришии қавмии зидди «Толибон» аст[17]. Пас аз суқути Кобул, ӯ бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали собиқ раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ҳукумати «Толибон»-ро рад кард ва ба муқовамат идома дод.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 https://massoudfoundation.org/board-of-directors/
  2. 2.0 2.1 http://www.afghan-bios.info/index.php?option=com_afghanbios&id=4514&task=view&total=4&start=1&Itemid=2
  3. Pariani. روایتِ احمد مسعود از احمدشاه مسعود (Persian). Mandegar Daily. 24 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2016.
  4. Son of slain Afghan resistance hero Ahmad Shah Massoud enters political fray (6 September 2019).
  5. Son of famed Afghan commander Massoud steps into spotlight. The Straits Times (August 28, 2019).
  6. Anne Chaon. Lion of Panjshir's son ready to take up his Afghan destiny. Yahoo.com (1 сентябри 2016). 28 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2021.
  7. AFP. Lion of Panjshir: Ahmad Shah Masood's son ready to take up his Afghan destiny - The Express Tribune. Tribune.com.pk (1 сентябри 2016). 28 ноябри 2016 санҷида шуд.
  8. My father was the first to negotiate with the Taliban. My father was the first to negotiate with the Taliban.
  9. Malejacq, Romain (January 15, 2020). Warlord Survival: The Delusion of State Building in Afghanistan. Cornell University Press. ISBN 9781501746437. 
  10. Heir to Lion of Panjshir returns to reunite his father's followers.
  11. Meuse. Afghanistan: Ahmad Massoud seizes father's torch. Asia Times (September 5, 2019).
  12. Taliban seeks to share power in Afghanistan's government, but will ethnic groups approve?. PBS NewsHour (December 14, 2019).
  13. Glasse. Son of famed Afghan resistance fighter launches new political movement. CBC (September 11, 2019).
  14. Ahmad Massoud: Decentralization is the Solution (3 July 2020).
  15. What Is Missing From Afghan Peace Talks.
  16. Son of slain Afghan commander Massoud warns of 'civil war' if US troops leave hastily.
  17. Zucchino. Attacked and Vulnerable, Some Afghans Are Forming Their Own Armies, The New York Times (June 24, 2021). Проверено 17 августи 2021.