Боҳомо
![]() |
![]() |
![]() | |
Шиор: «Forward Upward Onward, Together» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Иттиҳоди Ҷазираҳои Багам|March On, Bahamaland | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Бритониёи Кабир) |
Забони расмӣ | англисӣ |
Пойтахт | Нассау |
Шаҳри калонтарин | Нассау |
Идораи давлат | |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
156-ум ҷой дар ҷaҳон 13 878 км² 28% % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2014) • Зичӣ |
177-ум ҷой дар ҷaҳон 321,834[1] 23.27 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2012) • Ба сари аҳолӣ |
-ум ҷой дар ҷaҳон $11.055 миллиард $ $31,382 $ |
Пули миллӣ | |
Интернет-Домен | .bs |
Коди телефон | +1-242 |
Соат | UTC -5 |
Багам (англ. Bahamas), Ҷазираҳои Багам (англ. Bahama Islands), номи пураи расмӣ — Иттиҳоди Ҷазираҳои Багам (англ. Commonwealth of the Bahamas) — давлат дар Вест-Индия. Дар ҳайати Британиёи Кабир. Дар галаҷазираҳои Багам воқеъ гардида, тахминан аз 700 ҷазира иборат аст. Калонтарини онҳо: Андрос, Абакои Калон, Багами Калон, Абакои Хурд, Берри, Ню-Провиденс. Масоҳати умумиаш 13864 км². Аҳолиаш 310 ҳазор нафар (2010). Пойтахташ шаҳри Нассо (Нассау) (дар ҷазираи Ню-Провиденс).
Сохтори сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Мувофиқи сарқонун сардори давлат — Маликаи Британиёи Кабир; намояндаи он дар Багам генерал-губернатор мебошад. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагӣ. Он аз сенат (16 аъзо, ки аз тарафи генерал-губернатор таъйин мешавад) ва палатаи маҷлис (40 аъзо, ки ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ ва пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд) иборат аст. Ҳокимияти иҷроия тобеи Шӯрои (Кабинети) вазирон буда, онро сарвазир, ки ҳамчун пешвои ҳизби дар интихоботи парламентӣ ғолибгардида аз тарафи генерал-губернатор таъйин мегардад, сарварӣ мекунад. Ҳокимияти судӣ аз Суди Олӣ, Суди шикоятӣ ва 15 Суди магистратии дараҷаи поёнӣ иборат мебошад. Багам узви Созмони Дӯстӣ, СММ ва ташкилотҳои махсусгардонидашудаи он, Бонки рушди байниамрикоӣ, Бонки рушди Кариб аст.
Табиат[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷазираҳои Багам сатҳи ҳамвор дошта, асосан аз оҳаксанги марҷонӣ таркиб ёфтаанд ва хусусияти карстӣ доранд. Макони арагонит мебошад. Иқлимаш тропикии пассатист. Ҳарорати миёнаи декабр — февр. 210С (дар Шимол 190С), июл — август 240С (дар Ҷануб 320С). Дар як сол тақр. 310 рӯз офтобӣ. Миқдори миёнаи бориши солона аз Шимол ба Ҷануб кам шуда, аз 1600 мм то 1100 мм мерасад. Моҳи аз ҳама сербориш — октябр (206 мм), аз ҳама хушк — декабр (33 мм). Дар қисми шимолии Бағам барф, баъзан борони сел меборад (барфи охирин соли 1975), аммо зуд-зуд тӯфон рӯй медиҳад. Дарёҳо хеле кам, кӯлҳои шӯр бисёранд, ки ба баҳр мепайванданд. Оби ошомиданиро аҳолӣ аз чоҳҳои карстӣ мегирад. Дар ҷазираи Ню-Провиденс ширин кардани обҳои баҳр бо иқтидори 10 ҳазор м3 дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст. Майдони ҷангалзор дар ҷазираҳои Абако, Андрос, Бағами Калон, Ню-Провиденс боқӣ мондаанд, ки 32%-и масоҳ. мамлакатро ташкил медиҳанд. Хокаш сурхтоби латеритӣ. Буттазорҳои серхори ҳамешасабз бештар буда, қисми зиёди майдонро бешаҳои санавбар ишғол кардаанд. Ҳайвоноташ кам. Еноти ваҳшии Багам ягона дарандаи ваҳшии Вест-Индия мебошад. Кӯршабпаракҳо, калтакалос ва сусморҳо мавҷуданд. Дар Багам парандаҳои кӯчӣ зиёданд: мурғобии ёбоӣ, ғоз ва бутимор (фламинго, рамзи миллии Багам), 28 навъи парандаҳо эндемикианд, аз ҷумла тӯтии маҳаллӣ. Барои ҳифзи ҷангалзор ва олами ҳайвонот 12 боғу мамнуъгоҳ (бузургтаринаш дар ҷазираҳои Абакои Калон ва Инагуаи Калон) мавҷуданд.
Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]
Аҳолии ҷазираҳои Багам асосан бағамиҳоянд (85 %) — аз авлоди ғуломони зангӣ; 10 % — инглисҳои маскуншуда ва боқимонда аз Осиё ва мамлакатҳои испанизабони Амрикои Лотинӣ. Аҷдоди багамиҳо ба қабилаҳои гуногуни Африқо мансуб буда, онҳоро аз он ҷо мустамликадорони англис дар асрҳои 17-19 овардаанд. Забони расмӣ — англисӣ. Аксарияти диндорон католиканд. Аҳолиаш нобаробар ҷой гирифтааст, 70%-и аҳолӣ дар ҷазираи Ню-Провиденс ва 15 % дар ҷазираи Бағами Калон маскун шудаанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² — 22,4 нафар. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна — 65,6 сол, аз ҷумла занҳо — 69,1 ва мардҳо — 62,2.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Иқтисодиёти Багам аз соли 1950 дар соҳаи хизматрасонӣ тахассус пайдо кардааст. Ба соҳаи сайёҳӣ баъди солҳои 60 садаи XX хидматрасонии молиявӣ (бонкӣ) илова гардид. Аз нисф зиёди аҳолии мамлакат ба тиҷорати сайёҳӣ машғул аст. Сайёҳон бештар аз Амрико меоянд. Моҳидорӣ, истеҳсоли намак, нафт, семент, машрубот ва саноати дорусозӣ тараққӣ кардааст. Асосан ананас, помидор, картошка ва мева парвариш мекунанд. Аксари соҳаҳои иқтисодиёт зери назорати сармояи хориҷӣ мебошанд.
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷазираҳои Багам соли 1492 аз тарафи Христофор Колумб кашф гардида, сокинони аввалини он тахминан аз садаи 9 маскун буданд. То замони кашф гардидани Багам аз тарафи аврупоиён дар он ҷо 40 ҳазор нафар зиндагонӣ мекарданд. Соли 1718 Багам мустамликаи Британиёи Кабир шуд. Соли 1781 аз тарафи испаниҳо тасарруф гардид ва соли 1783 боз ба ихтиёри Британия гузашт. Соли 1781 дар Британиёи Кабир ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд ва дар Бағам низ ғуломонро озод карданд. Тибқи Конститутсияи нав соли 1964 Багам ба ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ соҳиб гардид. Аз соли 1973 Багам давлати соҳибистиқлол дар ҳайати Иттиҳоди Бритониё мебошад.
ВАО[вироиш | вироиши манбаъ]
Воситаҳои ахбори омма озоданд ва аз тарафи давлат ҳеч гуна маҳдудият нисбат ба онҳо ба назар намерасад. Ягона ширкати телевизионӣ — ZNS Bahams, ки аз тарафи Корпоратсияи радио ва телевизиони Багам маблағгузорӣ мешавад, бо ҳукумат ҳамкорӣ дорад. Рӯзномаҳои «The Bahama Journal», «Freeport New The Nassau Guardian» ва «The Tribune» ҳафтае 2 маротиба нашр мешаванд.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Новая российская энциклопедия. Т. II. Москва, 2005;
- Страны мира (Современный справочник). Москва, 2008.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Censimento Bahamas 2010. 15 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2019.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |