Бахтиёр Аҳмадзода
Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло | |
Таърихи таваллуд: | 28 октябр 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Спитамен, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур |
Ҳизб: | Ҳизби аграрии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло (зод. 28 октябри 1975,ноҳияи Спитамен) — иқтисоддон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло 28 октбяри соли 1975 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллат ӯзбек. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2020 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемурро бо ихтисоси аграном хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1996 ҳамчун иқтисодчӣ, агроном-энтомологи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО)-и «Андарсой»-и ноҳияи Спитамен оғоз намуда, туфайли кордонӣ ва маҳорати роҳбарӣ солҳои 2004—2008 дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии «Тадбиркор»-и АИО «Андарсой»-и ноҳияи Спитамен кор кардааст. Номбурда солҳои 2008—2012 раиси АИО «Андарсой» ва солҳои 2012—2018 дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Спитамен фаъолият дошта, аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи марти соли 2020 дар вазифаи муовини Раиси ноҳияи Спитамен кор кардааст. Солҳои 2010—2020 (ду даъват) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен буд. Ҳамчунин аз моҳи марти соли 2009 то моҳи марти соли 2020 раисии созмони ноҳиявии Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитаменро бар уҳда дошт. Аҳмадзода Бахтиёр барои меҳнати шоиста ва фаъолияти пурсамар дар рушди соҳаи кишоварзӣ соли 2014 бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Суғд ва солҳои 2017—2018 бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сипосномаҳои Раиси ноҳияи Спитамен сарфароз гардонида шудааст. Инчунин барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ номбурда аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 бо Дипломи дараҷаи I ва соли 2013 бо Дипломи дараҷаи II қадршиносӣ гаштааст.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст Аз 17 марти соли 2020 узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2020.