Jump to content

Баҳорак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


Баҳорак (форсӣ: بهارک‎) ё Баҳористон — деҳае қадимиву тоҷикнишин дар вулусволии Баҳораки вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. 29 км дуртар аз шаҳри Файзобод ҷойгир аст.

Аз Баҳорак дар давраи ҳукмронии Кушониён дар торихномаҳои ҷинӣ бо номи Лоншӣ ёд шудааст. Сипас дар маъхазҳои таърихӣ бо номи Баҳористон, яъне минтақаи ҳамешабаҳору сарсабз зикр гардидааст. Аз рӯйи баъзе сарчашмаҳо номи Баҳоракро дар даврони исломӣ соҳиб гаштааст. Дар ин давра маъбади бузурге, ки аз лоҷвард бунёд гардида буд, ба масҷид табдил дода шуд. Пас аз тасарруфи муғулҳо номи Баҳоракро гирифт. Он ёдгори таърихӣ қисман хароб гардида, замони салтанати Темур сангҳои лоҷварди он ба Бухоро интиқол дода шуд.

Роҳи бузурги абрешим ба воситаи кӯҳҳои Помир аз Бадахшон ба Балху Хатлону Тирмиз, Самарқанду Бухоро ва Марву Нишопур аз Баҳорак мегузашт. Дар водиҳои Баҳорак рӯдҳои Зардев ва Марғилон (аз қисми шимолӣ), Вардуҷ (аз самти ҷануб) ва Кӯкча (аз қисми ғарбӣ) ҷорӣ мешаванд. Дар ҷангалҳои кӯҳиаш бештар дарахтони мевадор, аз қабили чормағз, бодом, гелос ва себ мерӯянд. Сокинони Баҳорак асосан ба кишоварзӣ, майдакосибӣ ва тиҷорат машғуланд. Кишти гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ ва дигар ғаллаҳо рушд кардааст. Соли 2006 дар Баҳорак мактаби духтарона бунёд гардид, ки дар он 3000 донишомӯз таҳсил мекарданд. Солҳои 1980-ум Баҳорак пойгоҳи низомии Артиши Шуравӣ буд. Аз ёдгорҳои таърихӣ дар Баҳорак қалъаи гилин боқӣ мондааст, ки пойгоҳи шуравӣ дар ҳамин қалъаи гилин ҷойгир буд (иборат аз 1 баталйон).

Аз ёдгорҳои таърихӣ дар Баҳорак ҳамин қалъаи гилин боқӣ мондааст.