Jump to content

Биотит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биотит
Формула K (Mg, Fe)3[Si3AlO10] [OH, F]2
Примесь Ti, Na, Li, Mn, Ba, Sr, Cs
Физические свойства
Цвет Черный, бурый
Цвет черты Белая, серая
Блеск Стеклянный
Прозрачность Прозрачный, просвечивающий, непрозрачный
Твёрдость 2 — 3
Спайность Весьма совершенная по {001}
Излом Минерал эластичный, гибкий, расщепляется на листочки
Плотность 2,8 — 3,4 г/см³
Сингония Моноклинная

Биоти́т — минерал, абрақи калий-алюминий-магний-оҳандор.

Дар табиат хеле зиёд буда, 2,5–3 дарсади қишри Заминро ташкил медиҳад. Ба ифтихори физикадони фа­ронсавӣ Жан Батист Био (1774–1862) номгузорӣ шудааст. Формулаи кимиёвиаш K(Mg,Fe)3[Si3AlO10][OH,F]2. Рангаш сиёҳ (лепидомелан), ҷигарӣ (рубеллан) ё хокис­та­рӣ (мероксен), ҷилояш шишагун буда, шаффоф, нимшаф­фоф ва тира мешавад. Сахтиаш аз рӯйи ҷадвали Моос 2–3, зичиаш 2800–3400 кг/м³. Таркиби кимиёвиаш та­ғйир­ё­банда аст: 4,5–8,5% оксиди калий (К2О), 0,3–28% оксиди магний (MgO), 2,8–27,5% оксидҳои оҳан (FeO) ва 0,3–20,5% (Fe2О3), 9,5 – 31,5% оксиди алюминий (Al2О3), 33–45% оксиди силитсий (SiO2), 6–11,5% об (H2O) ва ғашҳои Ti, Na, Li, Mn, Ba, Sr, Ce дорад. Ҳарорати булӯр­бандиаш аз 600 то 700°С.

Биотит минерали ҷинсофа­рандаи санги хоро, гарондиоритҳо, трахит­ҳо, минеттаҳо буда, дар таркиби ҷинсҳои тафтавӣ (маг­мавӣ) ва мета­морфӣ васеъ паҳн шудааст. Биотитро дар маснуоти изолят­сионӣ, хокаашро барои тайёр кардани ранги зарҳал, ба сифати маводди ҷилодеҳ барои бозичаҳо ва ороиши саҳна истифода мебаранд.