Jump to content

Бозор Сайфуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бозор Сайфуллозода
Холов Бозорбой Сайфуллоевич
Таърихи таваллуд 20 август 1956(1956-08-20)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 29 ноябр 2024(2024-11-29) (68 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ китобшиносӣ, таърих
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Медали «Хидмати Шоиста»

Бозорбой Холов (Холов Бозорбой Сайфуллоевич; 20 августи 1956, деҳаи Чилчашма, ноҳияи Файзобод — 29 ноябри 2024, Душанбе) — омӯзгор ва китобшиноси тоҷик, номзади илмҳои педагогика, профессор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Холов Бозорбой Сайфуллоевич 20 августи соли 1956 дар деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, солиёни зиёд дар вазифаҳои сарбиблиографи Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (соли 1977), мудири кабинети факултаи китобдорӣ (солҳои 1979—1980), омўзгори кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (солҳои 1980—1983), омўзгори калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М.Тусунзода (солҳои 1983—1985), аспиранти Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Санкт-Петербург (солҳои 1985—1988), дотсенти кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода (солҳои 1988—1992), мудири кафедраи китобхонашиносӣ (солҳои 1992—1994) кор кардааст.

Аз соли 1994 то соли 2020 чанд бор декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода буд[1].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозорбой Холов яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта яке аз таҳиягарони Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006—2015» ба ҳисоб меравад.

Дар омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ саҳми сазовор гузоштааст. Таҳти роҳбари ӯ чандин нафаррон бомуваффақият рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.

Бозорбой Холов муаллифи беш аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла «Фонди кушоди китобхона» (1982), «Муқаддимаи ихтисос» (1982), «Марҳамат ба факултети китобхонавӣ» (1984), «Мураттабсозии адабиёт ва ташкили тарбияи кадрҳои китобдорӣ» (1994), «Ҳам донишу ҳам ҳунар диҳад» (1995), «Услуби иншои кори курсӣ» (1998), «Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 30-сола» (2001), «Нақши Вазорати фарҳанг дар таҳияи санадҳои давлатии соҳаи китобдорӣ» (2004), «Тарбияи касбии китобдорон дар Тоҷикистон: проблемаҳои истилоҳот» (2005), «Нақши Санкт-Петербург дар тайёр намудани кадрҳои санъат» (2005), «Технологияи муосири иттилоотӣ ва масъалаҳои тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг» (2010), «Ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон дар партави нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012), «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013), «Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ» (2013) ва ғайра мебошад[2].

Барои таълифоти илмиаш Бозорбой Холов ғолиби озмуни «Олими пурмаҳсултарини сол», «Муаллими сол» дониста шуда, бо медали «Хидмати шоиста», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр шудааст.

  1. Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ.
  2. Ҷамил Валиев. Олимони худро шиносем: Бозорбой Холов. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (21 июни 2016).