Jump to content

Боғи ҳайвоноти Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе — муассисаи давлатӣ, ки дар он ҳайвоноти ваҳшӣ ва баъзе ҳайвоноти хонагӣ бо мақсади ҳифзу парвариш ва тамошо дар қафасҳо ва нимозод нигоҳ дошта мешаванд.

Соли 1960 бунёд гузошта шудааст. Дар охири ҳамон сол ҳунарпешаи рус Ф. Рубанов як гурӯҳ ҳайвонотро ба боғи ҳайвонот тақдим кард. Соли 1961 маросими кушодашавии он буд. Он вақт боғи ҳайвонот ҳамагӣ 1,5 га масоҳ. дошт. Соли 2004 масоҳ. боғи ҳайвонот ба 6, 7 га расонда шуд, ки аз он 4 га ҷойи намоиши ҳайвонот, хонаҳои хоҷагидорӣ, майдончаи бачагона, ҳавз барои мурғобиҳо ва 2,7 га минтақаи боғ мебошад. Соли 1961 боғи ҳайвонот ҳамагӣ 41 намуд (121 сар) ҳайвон дошт. Соли 1991 дар боғи ҳайвонот намуди ҳайвонот то 384 ва саршумори ҳайвонот то 2524 расонда шуд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 95 дарсади ҳайвоноти боғи ҳайвонот нобуд гардиданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои пурра кардани коллексияи боғи ҳайвонот корҳои зиёде анҷом дода шуданд: мутахассисони нав ба кор ҷалб гардиданд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷиҳати бо хӯрокворӣ таъмин намудани ҳайвонот шартномаҳо баста шудаанд, бо боғҳои ҳайвоноти шпҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург шартномаҳо ба имзо расиданд, қафасҳои нигоҳдории ҳайвонот таъмир карда шуданд. Дар даврони истиқлол аз Боғи ҳайвоноти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба боғи ҳайвонот лама, шутурмурғ ва гӯсфанди ёлдор ворид карда шуданд. боғи ҳайвонот ба шуъбаҳои дарандаҳо, ҷуфтсумҳо, маймунҳо, парандаҳо, хазандаҳо, моҳиҳо тақсим карда шудааст.

Ҳоло (2012) дар боғи ҳайвонот 110 намуд (810 сар) ҳайвонот нигоҳ дошта мешаванд, ки аз ин миқдор 67 намудашон ба Китоби сурх дохил карда шудаанд. Дар террариуми (бино барои нигоҳдори хазандагон) боғи ҳайвонот 18 намуди мор нигоҳ дошта мешавад. Боғи ҳайвонот аз соли 2007 узви Ассотсиатсияи байниминтақавии боғҳои ҳайвонот ва аквариумҳои Аврупову Осиё мебошад. Бо боғҳои ҳайвоноти ҷумҳуриҳои узви ИДМ ва назди Балтика, Олмон, Полша, Чехия, Словакия, Булғория ҳамкориҳои мустақим дорад.

Дар ҳудуди боғи ҳайвонот ду майдончаи бачагон мавҷуд аст, ки бо васоити дилхушӣ ҷиҳозонида шудаанд. боғи ҳайвонот бо мактаббачагон вохӯриҳо мегузаронад ва оид ба ташвиқу тарғиби тамошобинон, қоидаҳои махсуси рафтор ва муносибат бо ҳайвонот дастуруламалҳо нашр мекунад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]