Jump to content

Бӯрӣ Кимсанов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бӯрӣ Кимсанов
Бӯрӣ Ҳакимович Кимсанов
Таърихи таваллуд 2 август 1941(1941-08-02)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 27 феврал 2004(2004-02-27) (62 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо «Аълочии ихтироъкорон ва ратсионализаторони ИҶШС» (1983), «Ихтироъкори ИҶШС» (1985), «Аълочии маорифи халқи ҶТ» (1991), медали нуқрагии НКХХ (ВДНХ, 1991), «Ихтироъкори шоистаи ҶТ» (1992) ва ғ.

Бӯри Кимсанов — доктори илми химия (1988), профессор (1990). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991). Ихтироъкори ИҶШС (1985). Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992). [1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бӯрӣ Ҳакимович Кимсанов 2 августи соли 1941 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №10 шаҳри Душанбе соли 1959 ба факултети кимиёи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, бо сабаби донишҷӯи фаъол ва донишманд буданаш, пас аз хатми соли сеюми таҳсил ба яке аз марказҳои илмии пешқадам – Донишгоҳи давлатии Воронеж интиқол дода мешавад. Баъди хатми донишгоҳи номбурда таҳти роҳбарии яке аз кимиёгарони Иттиҳоди Шӯравӣ, профессор Б.И.Михантйев таҳсилро дар аспирантура идома додааст. Б.Ҳ. Кимсанов соли 1969 рисолаи номзадӣ ва соли 1987 рисолаи докториро бомувафаққият дифоъ менамояд. Соли 1989 ӯ ба вазифаи профессори кафедраи кимиёи узвӣ интихоб шуда, моҳи сентябри соли 1992 бо ташаббуси бевоситаи профессор Б.Ҳ. Кимсанов дар факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёвӣ таъсис дода шуда, то вопасин лаҳзаҳои умр ӯ сарварии ин кафедраро ба уҳда дошт. Профессори кафедраи химияи органикӣ (1989-1992), мудири кафедраи пайвастагиҳои калонмо-лекулавӣ ва технологияи химиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992-2004). Инчунин, бо ташаббуси устод Б.Ҳ.Кимсанов ва заҳмату меҳнатҳои ин марди фозилу дурандеш соли 1992 дар назди кафедра озмоишгоҳи таҳқиқоти илмии «Кимиёи глисерин» таъсис дода шуд ва он имрӯз ҳамчун озмоишгоҳи мустақил дар ҳайати Институти илмии таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, бо қарори Шӯрои олимони ДМТ аз 30.09.2011 ба номи профессор Бӯри Ҳакимович Кимсанов номгузорӣ гардид. Ӯ дар синни 63-солагӣ 27 феврали соли 2004 аз олам даргузашт.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи органикӣ, синтез, структура, хусусиятҳои физикаву химиявӣ ва биологии хаттӣ ва доиравии глитсерин, омода кардани воситаҳои нави камзаҳри фармасевтӣ ва танзимкунандаҳои рушди рустаниҳо. Дар рушду инкишофи илми кимиё саҳми профессор Б.Ҳ. Кимсанов хеле калон мебошад. Бо назардошти ҳамаи ин, ӯро соли 1997 узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, интихоб намуданд. Бояд қайд кард, ки таҳқиқотҳои илмии таҳти роҳбарии Б.Ҳ. Кимсанов гузаронидашуда дар инкишофи кимиёи узвии синтетикӣ саҳми калон гузошта, зиёда аз 2000 пайвастҳои нави узвӣ тавлиф карда шудааст, ки на фақат аҳамияти назариявӣ, балки аҳамияти муҳимми амалӣ низ доранд. Соли 2003 барои дастовардҳои бузурги илмӣ дар соҳаи кимиё ва технологияи ҳосилаҳои глисерин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия бо Ифтихорномаи комитети тадорукотӣ ва профессор Б.Ҳ. Кимсанов бо Дипломи дараҷаи I қадршиносӣ гардидаанд. Профессор Б.Ҳ.Кимсанов муаллифи зиёда аз 550 асарҳои илмӣ буд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ англисӣ, русӣ ва узбекӣ дар нашрияҳои мухталиф ба табъ расидаанд. ӯ муаллифи 4 монография, 6 китобу дастури таълимӣ ва 30 ихтирооти илмӣ буд. Профессор Б.Ҳ.Кимсанов аз соли 1990 аъзои шӯроҳои диссертатсионии рисолаҳои докторию номзадӣ дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи АИ ҶТ ба номи В.И.Никитин ва ДМТ буд ва дар тайёр кардани мутахассисони варзида саҳми босазо гузошт. Кордонию дурандешии ин марди фозилу доно буд, ки барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмию омӯзгорӣ дар мадди аввал корро аз таъсис додани озмоишгоҳи илмӣ шурӯъ намуд. Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докториро дифоъ кардаанд.

  • Ордени «Шараф»;
  • Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991);
  • Ихтироъкори ИҶШС (1985);
  • Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992).[2]
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Фидоии илми кимиё. 11 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Декабри 2017.