Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бӯстон Сулаймонова (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Бӯстон Сулаймонова
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҷамоат Деҳоти Иттифоқ
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 2335 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон, ӯзбакҳо
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992 3243

Бӯстон Сулаймонова — деҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Бӯстон Сулаймонова то маркази ҷамоат ва ноҳия 1 км. Аҳолиаш 2335 нафар (2017), тоҷикон.

Таърих

Мувофиқи иттилои сокини деҳа Ҳомид Амиров аҳолии деҳа солҳои 1948 аз водии Рашт, Ромит ва Бадахшон муҳоҷир шуда, дар ҳайати колхози Миронович кор кардаанд. Бураков Кишвар ва Неъмонов Амир яке аз аввалин сарварони бригадаи колхози мазкур будаанд. Деҳа ба ифтихори аввалин бригадирзан ва мудири боғча – Бӯстон Сулаймонова, ки то солҳои 1960 дар колхози Озарбойҷони ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдурраҳмони Ҷомӣ) фаъолият кардааст (аз соли 1970), номгузорӣ шудааст. Дар деҳаи мазкур нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, 5 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, пахтакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Аскари Шоҳ обёрӣ мешаванд.